35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист 4 бинои маъмурӣ ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 21.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақшаи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, барои кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба таври илова 4 бинои маъмурӣ бо харҷи зиёда аз 40 миллион сомонӣ ба истифода дода мешавад. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17 сентябр зимни суханронӣ дар назди кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ ибрози назар намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 17 сентябр барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе ду бинои 11-ошёнаи истиқоматӣ барои 120 оила бо арзиши 59 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки роҳбарият ва ҳар корманди соҳаро зарур аст, ки бо истифода аз шароиту имконияти муҳайёгардида вазифаҳои хизматиро бо дарки баланди масъулият иҷро намоянд. Ҳифзи муҳити зист, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва таъмин намудани амнияти экологӣ вазифаи бисёр муҳимми ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Зеро дар даҳсолаҳои охир бо сабаби истифодаи бенизоми сарватҳои табиӣ экосистемаҳо таназзул ёфта, идома ёфтани ин ҳолат боиси мушкилоти ҷиддии экологӣ мегардад.
Бинобар ин ҳифзи муҳити зист, гуногунии биологӣ ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ амалӣ кардани чораҳои таъхирнопазир ва муассирро тақозо менамоянд. Дар ин замина танзим ва идораи муносибати инсон бо табиат тавассути меъёрҳои ҳуқуқӣ зарур мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид






