Ҳайати Парламенти Федератсияи Русия бо бинои нави Парламенти Тоҷикистон шинос гардид
ДУШАНБЕ, 10.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳайати Парламенти Федератсияи Русия таҳти сарварии муовини раиси кумита оид ба мудофиаи Думаи давлатии Федератсияи Русия Юрий Швиткин бо бинои нави Парламенти Тоҷикистон шинос гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Зимни шиносоӣ вохӯрии ҳайати Парламенти Федератсияи Русия бо раиси кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Маҳмадшоҳ Гулзода доир шуд.
Иброз гардид, ки муносибатҳои байнипарламентии давлатҳо рӯз то рӯз густариш ёфта, ба рушду таҳкими муносибатҳо дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла маориф, илм, фарҳанг, маънавиёт, иҷтимоиёт, сайёҳӣ ва варзиш заминаи устувор мегузоранд. Имрӯз беш аз 80 шаҳру вилояти Федератсияи Русия бо Тоҷикистон робитаи мустақими тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ доранд.
Ин мулоқот низ ба рушди ҳамкории судманд байни Тоҷикистон ва Русия, таҳкими дӯстӣ ва густариши робитаҳо дар ҳама соҳаҳо мусоидат менамояд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд






