Ҳамкории Тоҷикистон ва Швейтсария дар самти татбиқи лоиҳаҳои беҳтарсозии идоракунии захираҳои об таҳким меёбад

Сентябрь 15, 2025 17:40

ДУШАНБЕ, 15.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут  ба татбиқи лоиҳаҳои беҳтарсозии идоракунии захираҳои об дар  мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо роҳбари Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон хонум Дениз Люти баррасӣ шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ.

Дар мулоқот вазир аз сатҳи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории самарабахши Тоҷикистону Швейтсария дар соҳаҳои энергетика ва истифодаи оқилонаи захираҳои об изҳори қаноатмандӣ намуд. Ҳамзамон ҷонибҳо перомуни тавсеаи ҳамкорӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои беҳтарсозии идоракунии захираҳои об мубодилаи афкор намуданд.

Дениз Люти омодагии Швейтсарияро барои идомаи дастгирии лоиҳаҳои мавҷуда ва рушди ташаббусҳои нав, ки ба таҳкими иқтидори энергетикӣ ва обтаъминкунӣ равона шудаанд, баён дошт.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо зарурати идомаи муколамаи созанда ва густариши ҳамкориро барои расидан ба ҳадафҳои муштараки рушди устувор таъкид намуданд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 15, 2025 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид