Ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути нақби «Хатлон» муваққатан қатъ карда мешавад
ДУШАНБЕ, 11.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи ронандагон ва мусофироне, ки дар масири Душанбе — Кӯлоб — Қалъаихум – Хоруғ ҳаракат мекунанд, мерасонад, ки аз 12 то 19 сентябри соли 2025 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт тавассути нақби «Хатлон» муваққатан қатъ мегардад.
Сабаби қатъи муваққатии ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт тавассути нақби «Хатлон» ба гузаронидани корҳои таъмирӣ рабт дода мешавад.
Дар ин рӯзҳо ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин масир тавассути роҳи таворавӣ (алтернативӣ) амалӣ карда мешавад.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Парчам ҳамчун рамзи нангу номус, истиқлолият, давлатдорӣ ва муттаҳидии халқ мақоми хосса дорад
Дар Суди Олии иқтисодӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
Рақамикунонии низоми андоз – имконияти нав барои андозсупорандагон
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Тавассути имзои рақамӣ шаҳрвандон шахсияти худро фосилавӣ тасдиқ ва ҳуҷҷатҳоро ба таври электронӣ имзо менамоянд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ Рӯзи Парчами давлатиро таҷлил намуданд
Татбиқи технологияҳои муосир дар фаъолияти мақомоти гумруки Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Рим Нақшаи стратегии кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ барои Тоҷикистон қабул гардид
«Shohin Airlines» парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе — Хоруғ — Душанбе оғоз намуд
Тоҷикистон ба ҳайати Гурӯҳи машваратии Базел дохил шуд
Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад






