Аз ифлосшавии ҳаво ва таъсири чангу ғубор худро эҳтиёт намоед!

Сентябрь 15, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 15.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 13 то 16 сентябр дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ дар назар аст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ин тавсия медиҳад, ки  ронандагон ва дӯстдорони саёҳат бояд дар ин гуна рӯзҳои пурчанг суръати ҳаракат дар роҳҳо, техникаи бехатарии ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ ва саҳроҳои доманфарохро риоя намоянд. Риояи фосила байни мошинҳо хеле муҳим аст, чун эҳтимоли резиши санг аз кӯҳҳо низ зиёд мебошад.

Ба амал омадани чангу ғубор дар дилхоҳ минтақаи сайёра ба саломатии инсонҳо таъсири манфӣ мерасонад, хусусан ба шахсоне, ки мубталои бемориҳои роҳҳои нафас — асмаи бронхиалӣ, бронхити аллергетикӣ, сили аллергетикӣ, илтиҳоби шуш, омоси шуш, ҷоғар, системаи асаб, бемории дилу рагҳо- стенокардия, фишорбаландӣ ва бемории ишемикии дил мебошанд.

Шахсоне, ки мубталои бемориҳои дилу раг ва роҳҳои нафас ҳастанд, инчунин ҳассосият доранд, ҳангоми ба амал омадани чангу ғубор ҳолаташон вазнин мешавад, нафастангӣ, дилбеҳузурӣ, дарди сар, фишорбаландӣ, пастшавии фишор, кашишхӯрии рагҳои гардан, дард дар қафаси сина ва гум шудани иштиҳоро эҳсос менамоянд. Онҳо бояд аз ниқобҳои якдафъаинаи тиббӣ истифода баранд, дар маҳалҳои чангу ғубор камтар гаштугузор намуда, зуд-зуд об нӯшанд, хонаро бо латтаи тар зуд-зуд пок созанд, гигиенаи шахсиро риоя намуда, доруҳоеро, ки табибон ба онҳо тавсия додаанд, дар вақташ истифода намоянд.

Мутахассисони соҳаи тиб тавсия медиҳанд, ки дар рӯзҳои чангу ғубор бештар оби тоза бояд нӯшид, ҳатто рӯзе на камтар аз 2-2,5 литр ва аз ин агар 0,5 литр оби минералӣ бошад, боз беҳтар аст.

То ҳадди имкон тирезаҳои хонаатонро пӯшед. Агар шумо мехоҳед ҳавои хонаро тоза кунед, пас бидонед, ки бадтарин лаҳзаҳо соатҳои аввали субҳанд, вақте ҳамаи моддаҳои муаллақи хатарнок ба нишаст ба замин мутамарказ мешаванд.  Наздик ба нисфирӯзӣ қисмати болоии Замин гарм мешавад ва зери таъсири ҳавои гарм ин моддаҳои муаллақ боло мераванд. Ғайр аз ин,  шумо метавонед тирезаҳои худро бо дока ё тӯр бипӯшед ва зимнан, хатари вуруди ҳар гуна моддаи хатарнок кам мешавад. Аммо ҳамвора онҳоро бояд намнок нигоҳ доред. Пайваста ҳавои дохили хонаро поку тоза нигоҳ доред, бо латтаи нарму нам тоза кардани фарш ва тирезаҳоро фаромӯш накунед.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 15, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
Дар вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир мешавад
Дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ба шаҳрвандон ройгон касб омӯзонида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!