Ба шарафи Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе барномаҳои идона доир мегарданд

Сентябрь 5, 2025 15:16

ДУШАНБЕ, 05.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 9 сентябр, соати 19:00 дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе ба муносибати 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои бошукуҳи фарҳангӣ баргузор мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар робита ба ин ҷашни бузурги миллӣ аз 5 то 9 сентябр дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ доир карда мешаванд. Инчунин бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамарӯза ҳамоиш, суҳбат ва машваратҳо доир мегарданд.

Бо мақсади таъмини омодагии ҳамаҷониба барои таҷлили сазовору пуршукуҳи ин ҷашн дар шаҳри Душанбе тамоми нерую имконияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва худфаъолияти ҷамъиятӣ, сохторҳои мухталиф ва дигар бахшҳои идора, дар маҷмуъ аҳли ҷамоати пойтахт ба корҳои ободонию созандагӣ ва беҳдошти ҳолати экологию тозагии ҳар шаҳраку маҳалла ва пойтахт равона карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар Тоҷикистон ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бо баргузории барномаҳои фарҳангӣ, конфронсҳои сатҳи баланд ва машварату ҳамоишҳои оммавӣ таҷлил карда мешавад. Расидан ба қадри истиқлолият ва давлатдории мустақил, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстию ватанпарастӣ, бедории маънавӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва рамзҳои давлатдорӣ аз шаҳрвандон масъулияти баланд талаб менамояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 5, 2025 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд