Бахшида ба Истиқлоли Тоҷикистон ҳамоиши кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ доир шуд

Сентябрь 5, 2025 13:44

ДУШАНБЕ, 05.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлол на танҳо падидаи сиёсӣ, балки нидои руҳи ҳар миллат аст. Он нидоест, ки аз умқи таърихи куҳан баланд гардида, дар тору пуди ҳастӣ ва ҳар нафаси озоди халқ танинандоз мегардад. Истиқлол суруди беохири озодӣ ва виҷдону шараф аст, ки дар қалби фарзандони содиқи Ватан бо шуълаи нур ҷилва мекунад. Ин матлабро  Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ 4 сентябр зимни ҳамоиши кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатӣ баён намуд.

Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки рӯзгори истиқлол, бешак, рӯзгори бедорию хештаншиносӣ аст, рӯзгори бозгашт ба решаҳои таърихӣ, рӯзгори эҳёи мафҳуми ватандӯстӣ ва шарафи инсонист. Ҳеҷ истиқлол бе пуштибон ва ҳидоятгар устувор намемонад. Дар роҳи душвору пурхатари истиқлоли тоҷикон маҳз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки дар душвортарин лаҳзаҳои таърихӣ, дар миёни оташи ҷангу парешонӣ, бо диле саршор аз меҳри Ватан, бо иродаи қавӣ ва бо паёми сулҳу ваҳдат парчами сулҳу ваҳдати миллатро баланд бардоштанд ва ба сарнавишти миллат маънову мазмуни нав бахшиданд.

Таъкид шуд, ки Пешвои миллат на танҳо роҳбар, балки ойинаи тамомнамое ҳастанд, ки миллат худро дар он метавонад бубинад ва такягоҳе ҳастанд, ки мамлакат тавассуташон аз вартаи фано ба масири рушду оромӣ қадам бардошт.

Дар ҷамъомад дар мавзуъҳои «Истиқлол ва ҳифзи забони тоҷикӣ», «Нақши занон дар таҳкими истиқлол» ва «Дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ»маърузаҳо пешниҳод карда шуданд. Иброз гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик танҳо озодӣ ва соҳибихтиёрӣ набуда, балки заминаи устувори ҳифзу рушди арзишҳои миллист. Дар даврони соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ ҳамчун рукни асосии ҳастии миллӣ ва воситаи муқаддаси худшиносӣ мавқеи воқеии худро дар ҷомеа ёфт. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус Пешвои миллат мақоми давлатии забони тоҷикӣ тақвият ёфта, барои тавсеа ва густариши он шароити мусоид фароҳам оварда шуд.


Тавассути қабули қонуни забон, таъсиси кумитаи алоҳида, донишкадаву марказҳои омӯзишӣ ва таҳияву нашри китобҳои дарсӣ барои наслҳои нав шароити мусоид фароҳам омад, то забони модарӣ на танҳо ҳифз, балки рушд ёбад ва дар арсаи ҷаҳонӣ нуфузи хоса пайдо кунад.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба як зумра кормандони соҳа унвони «Аълочии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ», Ифтихорнома ва Сипоснома тақдим карда шуд.

Ҳамзамон барномаи фарҳангии омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии шаҳри Душанбе пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 5, 2025 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид