Бахшида ба Рӯзи дониш дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд

Сентябрь 2, 2025 14:40

ДУШАНБЕ, 02.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи дониш дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз донишкада.

Ректори донишкада Бахтиёр Маҳмадалӣ иброз дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста барои рушди соҳаи маориф ва баланд гардидани сифати таҳсил таъкид менамоянд. Ҳамасола барои аз маориф дур намондани насли наврас садҳо мактабу муассисаҳои таълимӣ бунёд мешаванд, ки ин самараи ғамхории падаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Илму дониш инсонро аз ҷаҳолат наҷот медиҳанд, ба мақсад мерасонанд ва инсонро месабзонанд. Ҳамин аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо мегӯянд: «Танҳо саводу маърифат ва илму дониш инсонро аз ҳама бадбахтиву нокомиҳо наҷот мебахшанд».

Бахтиёр Маҳмадалӣ аз дастовардҳои донишкада ёдовар шуда, иброз дошт, ки имсол дар донишкада озмоишгоҳҳои зеҳни сунъӣ, иқтисодиёти рақамӣ ва таъминоти барқ аз дастовардҳои муҳим ба ҳисоб мераванд.

«Вазифаи мо, ҳайати профессорию омӯзгории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон тарбия намудани мутахассисони варзида, ватандӯсту меҳнатдӯст ва содиқ ба касби худ мебошад. Омода намудани мутахассисони варзида дар соҳаи саноат саҳми мо дар  рушди Ватан мебошад. Ба ҳамин хотир мо бояд бештар ҳаракат намоем, то донишҷӯёни мо дар ҳама соҳаҳои саноат аз беҳтаринҳо бошанд»,-гуфт Бахтиёр Маҳмадалӣ.

Дар ҳамоиш ба панҷ нафар хатмкардаи донишкада Дипломи аъло тақдим гардида, чанд омӯзгор бо унвони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуд.

АКС: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Сентябрь 2, 2025 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд