Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Варзоб муассисаҳои таълимӣ ба истифода дода шуданд
ДУШАНБЕ, 23.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади татбиқи амалии сиёсати маорифпарваронаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди инфрасохтори соҳаи маориф дар деҳаҳои Қулписта ва Чинори Ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Варзоб муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №70 ва №30 ба истифода дода шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки «ифтитоҳи чунин муассисаҳои таълимии замонавӣ яке аз самараҳои сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Ҳадафи асосии роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ фароҳам овардани шароити арзандаи таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон мебошад. Ин муассисаҳо бо тамоми лавозимоти таълимии муосир, аз ҷумла синфхонаҳои фаннӣ, лабораторияҳо, китобхона, утоқҳои корӣ ва майдончаҳои варзишӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, ки барои таълиму тарбия муҳити мусоидро таъмин менамоянд».
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70, ки дар деҳаи Қулпистаи Ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ ҷойгир аст, аз лиҳози инфрасохтор ба талаботи муосири соҳаи маориф ҷавобгӯ буда, дорои 11 синфхонаи таълимӣ, кабинетҳои фаннӣ, утоқҳои кории маъмурият, толори маҷлис, утоқи тиббӣ, ошхона, китобхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Ин муассиса барои 264 хонанда дар як баст пешбинӣ гардида, тамоми синфхонаҳо бо мизу курсӣ, компютер ва дигар таҷҳизоти таълимии зарурӣ таъмин карда шудаанд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30, ки дар деҳаи Чинори ҳамин ҷамоат сохта шудааст, дорои 7 синфхона буда, барои фарогирии 84 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Ин муассиса низ бо инфрасохтори стандартии таълимӣ ва дигар шароити зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Дар назди муассиса майдончаи варзишӣ сохта шудааст, ки барои тарбияи ҷисмонии хонандагон имконияти васеъ фароҳам меорад.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд






