БОЗИҲОИ III КИШВАРҲОИ ИДМ. Дастаи мунтахабаи наврасони Тоҷикистон оид ба футбол тими Қирғизистонро шикаст дод
ДУШАНБЕ, 29.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи Бозиҳои III кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол тими миллии наврасони то 16-солаи Қирғизистонро шикаст дод, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон аз шаҳри Габалайи Ҷумҳурии Озарбойҷон.
Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Габалай баргузор шуда, бо ҳисоби 7 бар 1 ба фоидаи дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон анҷом ёфт.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои III кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил зиёда аз 10 рӯз давом карда, дар он 2400 нафар аз кишварҳои Иттиҳод, ҳамчунин Туркия, Покистон, Уммон, Куба ва Кувайт иштирок менамоянд.
Ба ҳайати варзишии Тоҷикистон дар ин бозиҳо 208 нафар, аз ҷумла 142 варзишгар дохил мебошанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад






