Дар беш аз 400 муассисаи тандурустии Тоҷикистон воситаҳо барои пардохти электронӣ насб гардиданд
ДУШАНБЕ, 03.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар 478 муассисаи давлатии тандурустӣ 1942 воситаи пардохти электронӣ, аз ҷумла 874 постерминал ва 1068 QR-рамзҳо таъмин гардиданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар муассисаҳои хусусии тиббӣ 136 постерминал ва 726 QR-рамзҳо насб гардидаанд.
Ҳадафи асосии татбиқи ҳисобаробаркуниҳои ғайринақдӣ- ин шаффофияти воридоти маблағҳо, пешгирии омилҳои коррупсионӣ, коҳиш ёфтани таъсири омилҳои инсонӣ, воридоти пурраи пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет ва андозҳо, осон ва дастрас будани хизматрасонӣ ва коҳиш ёфтани муомилоти маблағҳои нақдӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.
Пурра ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ гузаштани муассисаҳо ба шаффофияти воридоти маблағҳо, пешгирии омилҳои коррупсионӣ, коҳиш ёфтани таъсири омилҳои инсонӣ, воридоти пурраи пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет ва андозҳо мусоидат мекунад. Инчунин ба ин восита хизматрасонӣ осон ва дастрас гардида, талабот ба маблағҳои нақдӣ ва навбатпоӣ барои гирифтани пули нақд дар банкоматҳо кам мешавад. Инчунин он ба вақти зиёдатӣ сарф накардан дар супоридани маблағҳо ба хазинаи муассисаҳои давлатии тандурустӣ ва воридоти пурраи маблағҳо ба суратҳисоби маблағҳои махсус мусоидат менамояд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид






