Дар Бишкек тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 01.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бишкек мулоқоти муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо муовини якуми Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон Данияр Амангелдиев баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҷараёни мулоқот масоили тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ ва амалисозии лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ ва энергетикӣ, аз ҷумла CASA-1000 баррасӣ гардид.
Ҳамзамон ҷониби Қирғизистон барои мубодилаи таҷриба дар соҳаи рақамикунонии идоракунии давлатӣ ва зиёд намудани ҳаҷми савдои мутақобил бо Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуд.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз роҳбарони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода аз 25 то 30 август дар Ҷумҳурии Қирғизистон қарор дошт.
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид






