Дар Чин барои хизматчиёни давлатӣ даври омӯзишӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 05.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 4 сентябр дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин даври омӯзишӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ оғоз гардид, ки то 24 сентябр идома меёбад.
Тавре аз Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, даври омӯзишӣ аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Мардуми Чин ва Донишгоҳи байналмилалии бонк ва иқтисодиёти он ташкил шуда, дар он намояндагони давлатҳои гуногун иштирок мекунанд.
Омӯзиши иқтисодиёт ва таҷрибаи рушди давлатҳои пешрафта барои рушди иқтисоди миллӣ идея ва механизмҳои нав фароҳам меорад. Он ба такмили ихтисос, донишу малакаи касбии хизматчиёни давлатӣ, тарҳрезии сиёсати давлатии иқтисодӣ, махсусан дар самти таҳияи стратегияҳо, санадҳои ҳамкорӣ, дурнамосозӣ, ҷалб ва ҳамоҳангсозии кумакҳои техникӣ ва сармоягузорӣ, густариши муносибатҳои тиҷоратӣ ва ҳифзи манфиатҳои иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд.
АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд






