Дар даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қонунгузории мамлакат рушд намуд

Сентябрь 9, 2025 09:00

ДУШАНБЕ, 09.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9 сентябри соли 1991 ба даст омад, оғози марҳилаи нав дар таърихи давлатдории  миллӣ гардид. Давлати тозаистиқлол барои бунёди низоми ҳуқуқӣ, ки ба талаботи замон ва арзишҳои умумибашарӣ мутобиқат дошта бошад, қадамҳои устувор гузошт. Маҳз истиқлолият имконият фароҳам сохт, ки қонунгузории миллӣ мустақилона ташаккул ёбад ва бо назардошти манфиатҳои давлат ва ҷомеа рушду инкишоф намояд.

Дар аввали солҳои истиқлолият Тоҷикистон бо мушкилиҳои зиёди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шуда буд. Бо вуҷуди ин, зарурати бунёди низоми нави ҳуқуқӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа гардид. Қадами муҳим дар ин самт қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол буд.

Бояд ёдовар шуд, ки нахустин маротиба дар таърихи давлатдории тоҷикон 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сифати қонуни асосии мамлакат бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Ҳамчунин бо назардошти дастовардҳои нави ҷомеа ислоҳоти конститутсионӣ гузаронида шуда, марҳилаи нави такмили сохтори конститутсионӣ оғоз гардид ва он имкон дод, ки 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи мамлакат тағйиру иловаҳои дахлдор ворид шуда, мазмуну муҳтавои низоми ҳуқуқии мамлакат такмил ва асосҳои демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва дунявии он таҳким ёбанд. Дар таърихи сиёсии мамлакат бори нахуст парламенти думаҷлиса – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият шуруъ намуд. Мақомоти иҷроия ва судӣ, инчунин сохтори иқтисодии ҷумҳурӣ такмил дода шуда, эътирофи инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ба сифати арзиши олӣ ва дигар андешаҳои демократӣ ба Конститутсия ворид гардиданд, ки дар айни замон ба шароиту талаботи дохилӣ ва байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади гузаронидани ислоҳоти ҳуқуқии мусоидаткунанда ба рушди низоми нави ҳуқуқӣ, фаъолияти ҳуқуқэҷодкуниро ба марҳилаи сифатан нав, ба монанди банақшагирии таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмию ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқэҷодкунӣ, гузаронидани таҳқиқоти илмию таҳлилӣ оид ба ҳолат, раванди инкишоф ва амалияи истифодаи қонунгузорӣ, гузаронидани экспертизаҳои ҳуқуқӣ ва зиддикоррупсионии лоиҳаҳои қонунҳоро ворид намуд. Дар баробари қабул гардидани шумораи зиёди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар мамлакат ва эътироф гардидани санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, инчунин дар ин давра як қатор ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҳия ва бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2016 тасдиқ гардид, ки ба ташаккул ва рушди минбаъдаи муносибатҳои нави иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон мусоидат менамоянд. Дар натиҷа корҳо оид ба таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаҳои муайян, аз ҷумла қонунгузории конститутсионӣ, маданӣ, соҳибкорӣ, молиявӣ, бонкӣ, гумрук, андоз, ҷиноятӣ, маъмурӣ, мурофиавии маданӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, мурофиаи судии иқтисодӣ, истеҳсолоти иҷро ва амсоли инҳо густариш пайдо карданд.

Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў арзиши олӣ эътироф гардида, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазир эълон шудаанд. Давлат ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар мамлакат бо мақсади эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба роҳ монда мешавад. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мақсаду мазмуни қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии ҳамаи субъектҳои ҳуқуқэҷодкунандаро ташкил медиҳанд.

Хотирнишон сохтан ҷоиз аст, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд санади байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсонро тасдиқ кардааст. Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон аз ҷумлаи онҳо буда, барои татбиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии гуфташуда тадбирҳои амалӣ меандешад.

Ҳамчунин дар ин давра якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои гуногуни банақшагирии стратегӣ дар самти ҳуқуқи инсон қабул карда шудаанд, аз ҷумла:

  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 20-уми марти соли 2008), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак» (аз 18-уми марти соли 2015), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» (аз 1-уми марти соли 2005), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила» (аз 19-уми марти соли 2013) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» (аз 19-уми июли соли 2022).
  2. Консепсияи таҳсилоти муттасил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2023 (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми январи соли 2017 тасдиқ шудааст), Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми сентябри соли 2020 тасдиқ шудааст), Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми майи соли 2014 тасдиқ шудааст), Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 (бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2015 тасдиқ шудааст), Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 (бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2019 тасдиқ гардидааст), Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015 тасдиқ шудааст), Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати кӯдакон барои солҳои 2017-2021 (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2017 тасдиқ шудааст), Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024 (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2020 тасдиқ шудааст), Барномаи тавонбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоии ноболиғони дар муассисаҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ё маҳдуд кардани озодӣ адои ҷазонамуда барои солҳои 2020-2024 (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020 тасдиқ шудааст), Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026 (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021 тасдиқ шудааст), “Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2022 тасдиқ гардидааст) ва “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038” (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2023 тасдиқ шудааст).

“Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038” ҳадафҳои дарозмуддат ва вазифаҳо дар самти ҳуқуқи инсонро муайян карда, масъалаи таҳияи сиёсати пешрафта ва ягонаи байнисоҳавиро пешбинӣ мекунад, ки ба мустаҳкам намудани ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи инсон дар мамлакат равона гардидааст. Ҳадафи асосии Стратегияи миллӣ аз таъмини афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун омили асосии сиёсати давлатӣ, ки самти рушди қонунгузорӣ, сиёсат ва амалияи қонунтатбиқкуниро ҳангоми қабули қарор аз ҷониби мақомоти давлатӣ муайян мекунад, иборат мебошад.

Яке аз мушкилоте, ки ҳоло на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизм мебошад. Бо мақсади пешгирӣ ва аз байн бурдани ин амали номатлуб дар мамлакати мо якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ қабул гардиданд, ки заминаи мукаммали ҳуқуқии  муқовимат ба терроризм ва экстремизмро ташкил медиҳанд. Минҷумла:

  1. Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 21 майи соли 1998), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» (аз 2 январи соли 2020), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» (аз 23 декабри соли 2021) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» (аз 15 марти соли 2023).
  2. Конвенсияи Шанхай дар бораи мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротталабӣ (бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2002 тасдиқ шудааст), Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай бар зидди терроризм (бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 феврали соли 2011 тасдиқ шудааст).
  3. Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм дар солҳои 2000-2003 (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2000 тасдиқ шудааст), Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 (бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016 тасдиқ гардидааст), “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” (бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021 тасдиқ гардидааст), Барномаи барқарорсозӣ ва реинтегратсияи шахсони дорои гузаштаи экстремистӣ ё террористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2024 тасдиқ гардидааст), Барномаи солимгардонӣ, барқарорсозӣ ва ҳамгироии маҳбусони барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта маҳкумшуда барои солҳои 2025-2029 (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 28 марти соли 2025 тасдиқ гардидааст), Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) (бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2006 тасдиқ гардидааст, Консепсияи миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом барои солҳои 2018-2025 (бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2018 тасдиқ гардидааст).

Ҳамин тавр, дар даврони истиқлолият қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз низоми қаблии шуравӣ ба низоми мустақили миллӣ ва мутобиқ ба воқеияти муосир табдил ёфт. Қабули Конститутсияи мамлакат, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин такмили мунтазами онҳо, ҳамзамон мутобиқ намудани қонунгузорӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ шаҳодати рушду такомули устувори низоми ҳуқуқии миллӣ маҳсуб мешавад. Ин раванд ҳанӯз ҳам идома дошта, ҳамчун омили муҳимми таҳкими давлатдории миллӣ ва ҷомеаи ҳуқуқбунёд хизмат менамояд.

Дилшод АЛИЗОДА,
мудири бахши назорат ва коргузории
Дастго
ҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 9, 2025 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар фасли тирамоҳ бемориҳои музмин бештар мегарданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Ашт шумораи корхонаҳои саноатӣ меафзояд
ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТИ ХИРАДПЕША. Нигаҳдорию эҳтирому эътирофи ин неъмат бузургтарин арзиши миллӣ ба шумор меравад
Дар Суғд сохтмони Маркази зеҳни сунъӣ ва «IT park» идома дорад
Идомаи табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуҷанд иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд мегарданд
34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бағдоди Ироқ таҷлил карда шуд
Истиқлолият ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ дар партави рушди маориф
Истиқлоли давлатии Тоҷикистон имкон дод, ки дар рушди соҳаи энергетика қадамҳои устувор гузошта шавад
Дар ноҳияи Нуробод бузургтарин пули мошингузар дар миқсёи Тоҷикистон сохта мешавад
Саҳми Пешвои миллат дар таҳкими истиқлол ва рушди иқтисодии Тоҷикистон