Дар доираи баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе ҷаласаи панелӣ ва дарси маҳорат доир гардиданд

Сентябрь 20, 2025 11:37

ДУШАНБЕ, 20.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории  дуюмин «Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе (Dushanbe International Tourism Exhibition — DITE)» барои намояндагони соҳаи хизматрасонии меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо ва ширкатҳои сайёҳӣ ҷаласаи панелӣ ва дарси маҳорат (мастер-класс) ташкил карда шуданд. Онҳо ба омодасозии кадрҳои соҳибихтисос, истифодаи василаҳои рақамӣ дар пешбурди соҳаи сайёҳӣ, инчунин шиносоӣ бо равандҳои муосири рушди соҳа нигаронида шуда буд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар ҷаласаи панелӣ, ки таҳти унвони «Сайёҳӣ 2030: назари коршиносон ва муколамаи соҳа» доир шуд, коршиносони байналмилалӣ андешаҳои худро доир ба ояндаи сайёҳӣ баён доштанд.

Зимни ин чорабинӣ коршиносон дар мавзуъҳои «Чӣ тавр метавон захираҳои инсониро ба талаботи сайёҳии оянда омода кард?», «Нақши сафирони сайёҳӣ дар кишварҳои Роҳи Абрешим», «Кадом мегатрендҳои глобалӣ рушди сайёҳиро то соли 2030 муайян мекунанд ва афзалиятҳои сайёҳон чӣ гуна тағйир меёбанд: кадом омилҳо — бароҳатӣ, дастрасӣ, устуворӣ ё таҷрибаҳои беназир — муҳимтар хоҳанд буд?» ва дар мавзуи «Чӣ гуна рақобатпазирӣ байни кишварҳо барои ҷалби сайёҳон ва сармояҳо то соли 2030 тағйир меёбанд: кадом тадбирҳоро мебояд кишварҳои Роҳи Абрешим андешанд?» маъруза намуданд.

Дар дарси маҳорат, ки таҳти унвони «Воситаҳои рақамӣ барои пешбурди сайёҳӣ» гузаронида шуд, коршиносон самараноктарин воситаҳои рақамиро барои пешбурди сайёҳӣ, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ, маркетплейсҳои онлайнӣ ва барномаҳои мобилиро баррасӣ карда, тағйирёбии рафтори сайёҳонро дар шароити рақамигардонӣ таҳлил намуданд.

Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе (Dushanbe International Tourism Exhibition — DITE) барои иштирокдорон фазои мусоид фароҳам овард, ки онҳо аз таҷриба ва донишҳои беназири коршиносони сатҳи байналмилалӣ баҳра баранд.

Ёдовар мешавем, ки дуюмин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе (Dushanbe International Tourism Exhibition — DITE) 18 сентябр ифтитоҳ гардида, имрӯз анҷом меёбад.

 АКС: шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Сентябрь 20, 2025 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад