Дар доираи иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид масъалаҳои соҳаи тандурустӣ баррасӣ гардиданд

Сентябрь 25, 2025 18:20

ДУШАНБЕ, 25.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 24 сентябр дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар доираи «Ҳафтаи сатҳи баланд»-и иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамоишҳои соҳаи тандурустӣ доир гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар доираи иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чорумин ҷаласаи сатҳи баланд оид ба пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ доир гардид. Дар он Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода таҳти унвони «Ҳаракати глобалии беҳтар намудани зиндамонӣ ва коҳиш додани ранҷу азоб дар кӯдакони гирифтори саратон ва дигар бемориҳои ба ҳаёт таҳдидкунанда» маъруза намуд.

Дар ҳамоиш аз ҷониби вазирони тандурустии давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва коршиносони байналмилалӣ доир ба самтҳои гуногуни мавзуъ маърузаҳо пешниҳод карда шуданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода дар ҳамоиши дигар  таҳти унвони «Иқтисоди сиёсии татбиқи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ: тағйироти асосӣ дар сиёсат»   доир ба вазъи бахши кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, дастовардҳо ва дурнамои рушди соҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд.

Дар ҷаласа масъалаҳои эътилофи глобалӣ оид ба кумаки аввалияи тиббӣ, тавсеаи уҳдадориҳои сиёсӣ ва кафолатҳо барои баробарӣ ва устуворӣ, самтҳои асосии сиёсат оид ба таҳкими кумаки аввалияи тиббӣ ҳамчун асос барои ноил шудан ба ҳадафҳои васеътари ҷомеа ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа баррасӣ гардиданд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 25, 2025 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Беш аз 49 фоизи аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид
Эмомалӣ Раҳмон: «Занону модарони тоҷик дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми бузург доранд»
Бунафша Файзиддинзода: «Бигузор занону духтарони мо дар арсаи байналмилалӣ бо либоси зебои тоҷикӣ парчамбардори сарзамини аҷдодӣ бошанд!»