Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Шурои нави диссертатсионӣ муаррифӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 30.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати раёсати донишгоҳ Шурои нави диссертатсионии 6D.KOA-100 муаррифӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода аҳамияти таъсиси чунин сохторро дар рушди илми миллӣ ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос таъкид намуда, аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат дар рушди илм ва маориф ёдовар шуд.
Намояндагони Комиссияи олии аттестатсионӣ иброз намуданд, ки таъсиси Шурои нави диссертатсионӣ қадами муҳим дар таҳкими заминаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, баланд бардоштани сифати таҳқиқоти илмӣ ва фароҳам овардани имконияти ҳимояи рисолаҳо дар самтҳои илми иқтисодӣ ва идоракунӣ мебошад. Аъзои Шуро барои саҳмгузорӣ дар рушди илм, дастгирии олимони ҷавон ва таъмини сатҳи баланди экспертизаи илмӣ изҳори омодагӣ намуданд.
Таъсиси Шурои нави диссертатсионӣ дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар таҳкими нуфузи илмии донишгоҳ саҳми арзанда гузошта, барои омода намудани олимони ҷавону мутахассисони дорои дараҷаи илмӣ заминаи устувор фароҳам меорад.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд






