Дар Душанбе Мусобиқаи «Дави дӯстӣ» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 24.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Сафорати Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба 33-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон Дави 4-уми солонаи дӯстии Тоҷикистон-Ҳиндустон-2025 ва Дави «Виксит Бҳарат» баргузор мегардад. Мусобиқаи «Дави дӯстӣ» 28 сентябр, соати 07:30 дар «Наврӯзгоҳ»-и Душанбе доир мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон хабар доданд.
Дави мазкур дар ду масофа — 3 км ва 7,5 км аз назди «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт то буриши кӯчаи Карамов ва хиёбони Ҳофизи Шерозии шаҳри Душанбе байни мардон ва занон гузаронида мешавад. Баъд аз тай намудани ин масофаҳо ғолибону ҷоизадорони «Дави дӯстӣ» аз ҷониби ташкилкунандагон бо Диплом ва туҳфаҳои молӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Дар мусобиқа кормандони вазорату идораҳои давлатӣ, устодону донишҷӯёни муасисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сокинони пойтахт, дӯсторони дав, ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе ва донишҷӯёну шаҳрвандони кишвари Ҳиндустон, ки дар пойтахти мамлакат таҳсил ва иқомат мекунанд, метавонанд фаъолона иштирок намоянд.
Муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустон ҳанӯз аз аввали солҳои соҳибистиқлолӣ, аниқтараш аз 28 августи оли 1992 ба роҳ монда шуда, Ҳиндустон барои Тоҷикистон чун давлати дӯст шинохта шудааст.
АКС: Сафорати Ҳиндустон дар Душанбе








«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид






