Рушди соҳаи гастроэнтерология ва гепатология баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 13.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 12 сентябр дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Вазъи воқеӣ ва дурнамои рушди гастроэнтерология ва гепатология» конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҳамоиш намояндагони Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Беларус, Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон ва Гурҷистон доир ба рушди гастроэнтерология ва гепатология мубодилаи афкор намуданд.
Соҳаи гастроэнтерология дар давраи Истиқлолияти давлатӣ ба якчанд дастовард ноил гардид. Инҳо омӯхтани паҳншавии гепатитҳои вирусии ҷигари В, С, Д ва Е дар байни аҳолӣ, тартиб додани харитаи паҳншавии гепатитҳои В, С, Д ва генотипҳои он дар ҷумҳурӣ, коркарди регистри ягонаи беморони гепатитҳои музмини вирусӣ ва сиррози ҷигар, гастропротекторӣ ва гиполипедемӣ аз растаниҳои доругии ватанӣ ва ғайра мебошанд.
Иттилоъ дода шуд, ки Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар омӯзиши тамоми масъалаҳои гепатология ва гастроэнтерология, аз ҷумла аҳамияти биопсияи ҷигар, норасоии ҷигар, гипертензияи порталӣ, бемориҳои вирусӣ ва алкоголии ҷигар, мавқеи гормонҳои стероидӣ дар табобатии бемориҳои музмини ҷигар, муолиҷаи ассит ҳангоми сиррози ҷигар, бемориҳои камвохӯранда ва душворташхисшавандаи узвҳои ҳозима, бемориҳои ирсии ҷигар, колити захмӣ ва бемории санги талха саҳми назаррас дорад.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд






