Дар Маркази инноватсионии Чину Тоҷикистон оид ба маҳсулоти табиӣ коргоҳи истеҳсоли маводи доруворӣ ба истифода дода шуд

Сентябрь 22, 2025 17:40

ДУШАНБЕ, 22.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар заминаи Муассисаи илмию таҳқиқотии «Маркази инноватсионии Чину Тоҷикистон оид ба маҳсулоти табиӣ», ки аз растаниҳои шифобахши флораи Тоҷикистон истеҳсол карда мешаванд, коргоҳи хурди истеҳсоли маводи доруворӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Дастгоҳҳои насбкардашуда бо кумаки Институти техникии физика ва химияи Шинҷони Академияи илмҳои Чин бо маблағи 1,5 миллион сомонӣ ҳамчун маблағи бебозгашт оварда шудаанд.  Зиёда аз 20 дастгоҳи наву замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Мақсади асосии насби дастгоҳҳои нави дорусозӣ аз он иборат мебошад, ки дар асоси растаниҳои омӯхташуда таҳия ва технологияи маводи доруворӣ ба роҳ монда мешавад. Олимони марказ аллакай дастгоҳҳоро ба кор андохта, аз растаниҳои шифобахши флораи Тоҷикистон маводи доруворӣ истеҳсол намудаанд, ки натиҷааш ба ҳайати роҳбарияти Академияи миллии илмҳо муаррифӣ карда шуд.

Бояд гуфт, ки Муассисаи илмию таҳқиқотии «Маркази инноватсионии Чину Тоҷикистон оид ба маҳсулоти табиӣ» бо мақсади мустаҳкам намудани ҳамкории илмӣ ва амалигардонии он дар самтҳои муҳимтарини таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ дар соҳаҳои илмҳои табиӣ ва техникӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти техникии физика ва химияи Шинҷони Академияи илмҳои Чин таъсис дода шудааст.

  АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Сентябрь 22, 2025 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд