Дар Мастчоҳ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон доир шуд
ДУШАНБЕ, 03.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайрат Азиззода бо интихобкунандагон дар ҷамоатҳои деҳоти Оббурдон ва Палдораки ноҳияи Мастчоҳ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ Ғайрат Азиззода доир ба фаъолияти қонунбарории Парлумони мамлакат, ҷараёни баррасии лоиҳаҳои қонунҳо ва нақши онҳо дар беҳбуди ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, ҷанбаҳои муҳимми сиёсати давлатӣ, аз ҷумла дастгирии соҳаи маориф, беҳдошти инфрасохтори иҷтимоӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ ва соҳибкорӣ, таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва дигар масъалаҳои рӯз маълумот пешниҳод намуд.
Таъкид гардид, ки иқдоми созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беҳбуди зиндагии мардум ва рушди деҳот равона шуда, иҷрои онҳо аз саҳми фаъолонаи сокинон низ вобаста мебошад.
Зимни вохӯрӣ масъалаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Гуфта шуд, ки давлат барои беҳтар намудани шароити хизматбарӣ ва баланд бардоштани сатҳи маънавию ҷисмонии сарбозон тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Интихобкунандагон дар вохӯрӣ ба пешниҳоду дархост ва саволҳои худ посухҳои мушаххасу қонеъкунанда гирифтанд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






