Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ деҳаи нав — «Обшорон» бунёд карда шуд

Сентябрь 14, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 14.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои таҷлили 34- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Золи Зари ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ деҳаи нав бо номи «Обшорон» бунёд карда шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ.

Сохтмони деҳа бо дастгирии Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Тоҷикистон» амалӣ гардида, дар он дар марҳилаи аввал 10 хонаи нави истиқоматӣ сохта  ва ба ятимону куллл ва нимятимон тақдим гардид. Ин иқдом имконият фароҳам овард, ки қишри осебпазири ҷомеа соҳиби манзили муосир гардида, бо шароити арзандаи зиндагӣ таъмин шавад.

Ҳамзамон дар деҳаи нав муассисаи нави таълимӣ барои 134

Хонанда ва бунгоҳи тиббӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Бунгоҳи тиббӣ аз чор утоқ иборат буда, бо таҷҳизоти зарурии муосир таъмин шудааст. Бунёди он на танҳо шароити хизматрасонии тиббиро беҳтар намуд, балки барои чор нафар ҷои нави кор муҳайё сохт.

Бо ифтитоҳи деҳаи «Обшорон» сокинони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ соҳиби макони нави зиндагӣ, муассисаи тиббӣ ва мактаби муосир шуданд. Ин иқдом, ки дар остонаи ҷашни бузурги миллӣ амалӣ гардид, қадами дигар дар самти беҳбуди шароити иҷтимоии мардум ва таҳкими иқтидори инфрасохтори деҳот мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Сентябрь 14, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид