Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ деҳаи нав — «Обшорон» бунёд карда шуд
ДУШАНБЕ, 14.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои таҷлили 34- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Золи Зари ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ деҳаи нав бо номи «Обшорон» бунёд карда шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ.
Сохтмони деҳа бо дастгирии Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Тоҷикистон» амалӣ гардида, дар он дар марҳилаи аввал 10 хонаи нави истиқоматӣ сохта ва ба ятимону куллл ва нимятимон тақдим гардид. Ин иқдом имконият фароҳам овард, ки қишри осебпазири ҷомеа соҳиби манзили муосир гардида, бо шароити арзандаи зиндагӣ таъмин шавад.
Ҳамзамон дар деҳаи нав муассисаи нави таълимӣ барои 134
Хонанда ва бунгоҳи тиббӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Бунгоҳи тиббӣ аз чор утоқ иборат буда, бо таҷҳизоти зарурии муосир таъмин шудааст. Бунёди он на танҳо шароити хизматрасонии тиббиро беҳтар намуд, балки барои чор нафар ҷои нави кор муҳайё сохт.
Бо ифтитоҳи деҳаи «Обшорон» сокинони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ соҳиби макони нави зиндагӣ, муассисаи тиббӣ ва мактаби муосир шуданд. Ин иқдом, ки дар остонаи ҷашни бузурги миллӣ амалӣ гардид, қадами дигар дар самти беҳбуди шароити иҷтимоии мардум ва таҳкими иқтидори инфрасохтори деҳот мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ








Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад






