Дар ноҳияи Сангвор бо афсарону сарбозон вохӯрии судманд баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 23.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо афсарону сарбозони Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Сангвор вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам иброз дошт, ки афсарону сарбозон таъмингари аслии сулҳу субот ва амнияту ваҳдат мебошанд, ки бо фидокорӣ, садоқат ва муҳаббат ба Ватан ва бо тамоми ҳастиву вуҷуди хеш барои бақои давлат ва амнияту осудагии миллат хизмат мекунанд.
«Ҳаёти осудаи мардум, ояндаи равшани фарзандон ва рушди босуботи мамлакати азизамон, пеш аз ҳама, аз хизматҳои содиқона, иҷрои рисолати касбӣ ва анҷоми вазифаҳои хизматии сарбозону афсарон вобастагӣ дорад»,-таъкид шуд дар вохӯрӣ.
Аз номи Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сарбозони ин қисми ҳарбӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, дастурхони идона низ ороста шуд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






