Дар Рӯзи дониш дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон дастовардҳои илмию варзишӣ намоиш дода шуданд
ДУШАНБЕ, 02.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 1 сентябр дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо иштироки ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни курсҳои аввали донишгоҳ бо намоиши дастовардҳои илмию варзишӣ оғоз гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ.
Ректори донишгоҳ Жило Гулназарзода иброз намуд, ки «Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода имрӯз имкон дорад донишҷӯёнро дар беҳтарин шароит дар равияҳои омӯзгорӣ, тарҷумонӣ, рӯзноманигорӣ ва забоншиносӣ омода намояд. Таъкидҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ бесабаб нест. Имрӯз дар донишгоҳ 14 забон омӯзонида мешавад, илова бар ин донишҷӯён имкон доранд ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар Лингвопарки донишгоҳ машғул гардида, забондонии худро тақвият бахшанд».
Дар ин рӯз аз ҷавонон даъват карда шуд, ки шароити фаромҳамовардаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро самаранок истифода намуда, дар рушду нумуи мамлакат саҳм гузоранд.
Дар ҳамоиш декани факултети забон ва адабиёти рус Шаҳло Ҳасанзода ва декани факултети равияи омӯзгории забони англисӣ Зубайдулло Мусоямов бо забонҳои русӣ ва англисӣ маъруза намуданд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода








Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд






