Дар Саридораи геология ба ифтихори 34-солагии Истиқлоли давлатӣ ҷамъомади тантанавӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 08.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 6 сентябр дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода иброз намуд, ки Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати номбардори тоҷик буда, баробари ба даст овардан сулҳ, ободиву озодӣ ва ҳамфикриву ҳамзистиро ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистони азиз овард.
Таъкид гардид, ки соҳаи геологияи мамлакат давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Андешидани тадбирҳои зарурӣ аз ҷониби Роҳбарияти Олии давлат ҷиҳати рушди соҳаи саноати кӯҳкорӣ, кашфу истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок ва мавриди татбиқ қарор гирифтани барномаҳои давлатии соҳавӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Татбиқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи геология барои солҳои 2021-2030” аз ҷумлаи онҳо маҳсуб мешавад, ки имрӯзҳо 80 фоизи он амалӣ гардидааст.
Тазаккур дода шуд, ки геологҳои ҷумҳурӣ дар амалисозии чандин лоиҳаҳои иктишофӣ-геологӣ ҳисса гузошта, захираҳои зиёди конҳои намудҳои гуногуни ашёи минералиро ба хазинаи давлат барои истифода супориданд.
Дар идома иштирокдорон дар бораи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва ҳифзи он дар ҷаҳони муосир маъруза карданд.
Дар фарҷом як зумра кормандон барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда бо Ифтихорнома сарфароз гардиданд.
АКС: Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон










Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд






