Дар шаҳри Бӯстон ташхиси ройгони тиббии шаҳрвандон гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 28.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд барои пешгирӣ ва сари вақт дарёфт намудани бемориҳои фарбеҳӣ, диабети қанд ва фишорбаландӣ ташхиси ройгон гузаронида шуд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон итилоъ доданд, аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии «Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ» ва Маркази шаҳрии ташаккули тарзи ҳаёти солим 820 нафар шаҳрвандон аз ташхис гузаронида шуданд. Дар натиҷа дар 24 нафар бемории диабети қанд, дар 219 нафар бемории фарбеҳӣ ва дар 123 нафар фишорбаландӣ дарёфт карда шуд.
Ба иттилои мутахассисон, омили гирифтории инсон ба ин бемориҳо риоя накардани реҷаи хӯрокхӯрӣ, ба варзиш машғул нгардидан ва камҳаракатӣ мебошад
Омилҳои гирифтор шудан ба бемории диабети қанд хеле зиёд мебошанд. Ин беморӣ ирсӣ низ мебошад. Диабети қанд бемории генетикие аст, ки аз насл ба насл мегузарад. Омилҳои дигари он ҳолатҳои зиёди стресс, қабули аз меъёр зиёди хӯрок ва камҳаракатӣ мебошанд.
Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки инсон бояд тарзи ҳаёти солимро пеш барад. Яъне бояд ба варзиш машғул шуда, меваю сабзавотро бештар истеъмол намояд. Сайру гашт дар ҳавои тоза низ хеле муфид аст. Инчунин бояд аз хӯрокҳои зудтайёр ва ё таоми дуюм худдорӣ кард.
Аз ҷониби кормандони муассисаи Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва Маркази шаҳрии ташаккули тарзи ҳаёти солим барои пешгирии ин бемориҳо ба шаҳрвандон варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон








Дар Русия аз соли 2027 назорати даромади муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар лагери ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Ҷинани Чин иштирок доранд
Марҳилаи тиллоии парчамдории тоҷику тоҷикистониён аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ сарчашма гирифтааст
«ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН!». Парчами давлатӣ рамзи истиқлолу соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва шарафу номуси миллат аст
Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид
Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» баргузор гардид
Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст






