Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон доир шуд
ДУШАНБЕ, 10.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ба муносибати 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Миршакар Ҷалолзода бо интихобкунандагон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон иттилоъ доданд.
Зимни вохӯрӣ Миршакар Ҷалолзода иброз намуд, ки Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми тоҷик на танҳо рамзи озодию худшиносӣ, балки пояи асосии давлатдории муосир ва кафили зиндагии осоиштаи ҳар сокини ҷумҳурӣ мебошад.
Яке аз дастовардҳои сиёсии Истиқлолияти давлатӣ ба даст овардани давлатдорӣ мебошад. Маҳз дар сатҳи давлатдорӣ як миллат метавонад сохти ҳаёти иҷтимоӣ, низоми сиёсӣ ва шакли идоракунии давлатро нишон диҳад ва дар навбати худ низоми ҳуқуқии миллӣ таъсис диҳад. Аз ин лиҳоз дар таърихи муосири Тоҷикистон ба даст овардани давлатдории миллӣ падидаи нодир буда, дастоварди беназири истиқлолият мебошад.
Зимни вохӯрӣ масъалаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Таъкид гардид, ки давлат барои беҳтар намудани шароити хизматбарӣ ва баланд бардоштани сатҳи маънавию ҷисмонии сарбозон тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Интихобкунандагони вохӯрӣ ба пешниҳоду дархост ва саволҳояшон посухҳои мушаххасу қонеъкунанда гирифтанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон








Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад






