Дар шаҳри Ганҷа ҷаласаи Шурои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши кишварҳои ИДМ баргузор гардид

Сентябрь 30, 2025 15:20

ДУШАНБЕ, 30.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Бозиҳои сеюми кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 29 сентябр дар шаҳри Ганҷаи Озорбойҷон ҷаласаи Шурои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ин давлатҳо бо роҳбарии намояндагони соҳаи варзиши кишварҳои аъзо доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласаи Шуро ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Муҳаммадтолиб Шокирзода иштирок намуд.

Зимни баррасии масъалаҳо иштирокдорони ҳайатҳои кишварҳо оид ба ҳамкории густурда ва иҷрои саривақтии бандҳои дахлдори Нақшаи чорабинии Шуро барои солҳои 2024-2026 сухан гуфтанд.

Пас аз ҷамъбасти ҷаласаи Шурои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил роҳбарони ҳайатҳо маконҳои таърихию фарҳангии шаҳри Ганҷаи Ҷумҳурии Озорбойҷон, аз ҷумла муҷассамаи роҳбари умумимиллии мардуми Озарбойҷон — Ҳайдар Алиев ва ёдгории Низомии Ганҷавиро тамошо намуда, бо осорхона ва дарвозаи Қалъаи Ганҷа шинос шуданд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 30, 2025 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд