Дар шаҳри Новосибирски Русия гӯшаи забон ва адабиёти тоҷик ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 22.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 20 сентябр бо ташаббуси Консулгарии генералӣ ва мусоидати Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи марказии илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба номи Индира Гандӣ дар назди муассисаи консулӣ гӯшаи забон ва адабиёти тоҷик ифтитоҳ гардид.
Гӯша бо зиёда аз 900 адад китобҳои тозанашр, аз ҷумла китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шоирону нависандагони классику муосир, ба монанди «Шоҳнома», «Маснавии маънавӣ», «Гулистон»-у «Бӯстон» ва дигар китобҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ таъмин шудааст.
Ба ин муносибат дар Консулгарии генералӣ чорабинии Рӯзи забон, адабиёт ва фарҳанг тоҷик баргузор шуд, ки дар он намояндагони соҳаи маориф ва илми минтақаи иқомат, роҳбарони диаспораи тоҷик, донишҷӯён ва ҳамватанони бурунмарзӣ иштирок намуданд.
Консули генералӣ Наҷмиддин Имомзода оид ба арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамадуни миллӣ, ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат ба ҷавонон барои омӯзиши илму инноватсия, инчунин пешгирӣ аз ҷалби онҳо ба гурӯҳу созмонҳои ифротӣ ва террористӣ сухан гуфта, даъват намуд, ки барои муаррифии бештари забон ва фарҳанги тоҷик саҳмгузор бошанд.
Ёдовар мешавем, ки дар гӯшаи мазкур барои омӯзиши забони тоҷикӣ ва тоҷикшиносӣ шароит фароҳам гардида, он ҷиҳати тарғибу ташвиқи забони тоҷикӣ дар минтақаи Сибир ва Шарқи Дури Федератсияи Русия, таъмини ҳамватанон бо китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, адабиёти бадеӣ ва матбуоти даврӣ бо забони давлатӣ мусоидат менамояд.










Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






