Дар шаҳри Турсунзода биноҳои Маркази касбомӯзӣ ва раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бунёд мегарданд
ДУШАНБЕ, 03.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 2 сентябр Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо лоиҳа ва ҷараёни бунёди биноҳои нави марказҳои касбомӯзӣ, раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Турсунзода, Маркази ҷавонон ва толори муосири варзишии Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии шаҳри Турсунзода» шинос гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода гуфт, ки ҳадаф аз бунёди чунин бинои наву замонавӣ кам кардани сатҳи бекорӣ, ҷалби занону духтарони ҳунарманд ба омӯзиши касбҳои гуногун ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ мебошад.
Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода изҳор дошт, ки иншооти мазкур дар доираи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта, ба истифода дода мешавад. Бо ин мақсад ба масъулин барои ҳарчи барвақттар ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастурҳои мушахас дода шуданд.
Дар доираи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Турсунзода сохтмони 459 иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 323 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид






