Дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамоиши «Шукуҳи Истиқлол» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 23.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 17 то 20 сентябр дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (Хоруғ, Рӯшон Шуғнон, Мурғоб, Дарвоз) бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Шукуҳи Истиқлол» ҳамоиши бошукуҳ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар доираи ҳамоиш мулоқоту суҳбатҳои судманд бо ҷавонони фаъол, чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ, намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои маърифатӣ ташкил гардида, таърихи истиқлолият, арзишҳои миллӣ ва нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳу субот ва рушди Тоҷикистон мавриди арзёбӣ ва таҳлил қарор гирифтанд.
Намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ҷавононро даъват намуданд, ки дар баробари омӯхтани забонҳои хориҷӣ, инчунин мутахассиси хуб бошанд, зеро нафаре, ки воқеан ҳам соҳибкасбу мутахассиси хуб аст, дар ҳама ҷо метавонад соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гардад.
Таъкид гардид, ки дар замони имрӯза вазъияти ҷомеаи ҷаҳонӣ бисёр пурпечутоб буда, аз ҳар ҷавони худогоҳу ватандӯст зиракии сиёсӣ талаб мекунад. Ба қадри сулҳу субот ва осоиштагӣ расида, тамоми саъю кӯшишро ба ҳифзи он равона кардан зарур аст.
Ҷавобан ба ғамхорию дастгириҳои давлату Ҳукумати мамлакат ҷавононро мебояд дар марҳилаи имрӯзаи давлатдорию давлатсозӣ бо илму дониши қавӣ, ақлу заковати зеҳнӣ, истеъдоду малакаи фитрӣ, маърифати ҳуқуқию сиёсӣ, қобилияту ташаббусҳои наҷиб, иқдоми бунёдкорона, касбу ҳунари воло, дарки баланди масъулияти инсонӣ ва ватандӯстию хештаншиносӣ барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат саҳми арзишманд гузоранд.
Чунин ҳамоишҳо ба таҳкими худшиносии миллӣ, боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба рамзҳои муқаддаси давлату миллат равона гардидаанд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






