Дар Тоҷикистон ҳавои фасли тирамоҳ чӣ гуна мешавад?
ДУШАНБЕ, 01.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳавои моҳи аввали фасли тирамоҳи имсола — моҳи сентябр ба соли 2020 монанд хоҳад шуд. Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёр ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа паст пешгӯӣ шуда, даҳаи дуюм ва сеюми моҳ ҳарорат рӯ ба пастшавӣ меорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Моҳи сентябр дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳаво дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа паст дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо 22+24 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои доманакӯҳ 17+18 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Давоми моҳ ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар охири моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона 12+17 дараҷа ва рӯзона 24+29 дараҷа гармӣ дар назар аст. Инчунин дар охири моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар буда, рӯзона то 13+18 дараҷа гарм, шабона 6+11 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ то 1 дараҷа паст пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 19+21 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 10+13 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст. Дар ноҳияҳои водигӣ ҳарорати ҳаво батадриҷ паст шуда, шабона аз 13+18 то 8+13 дараҷа гарм ва рӯзона аз 29+34 то 20+25 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2+7 то 6+11 дараҷа гарм, рӯзона аз 21+26 то 13+18 дараҷа гарм, рӯзҳои алоҳида дар баъзе ноҳияҳо ҳарорати шабонаи ҳаво паст шуда, аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар нимаи дуюми моҳи сентябр дар баъзе ноҳияҳо боронҳои кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо шамол бо суръати то 15-20 метр дар як сония пешгӯӣ мешавад.
Моҳи сентябр ҳаво дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа паст дар назар дошта шудааст. Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво 13+18 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Дар даҳрӯзаи аввали моҳ ҳаво шабона 12+17 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст. Дар нимаи дуюм ва сеюми моҳ пастшавии ҳаво пешгӯӣ мешавад. Ҳаво рӯзона аз 20+25 то 15+20 дараҷа гарм ва шабона аз 7+12 то 3+8 дараҷа гарм мешавад. Инчунин дар даҳрӯзаҳои дуюм ва сеюми моҳ дар ноҳияҳои алоҳида ба амал омадани бориш пешгӯӣ шуда, миқдори моҳонаи онҳо аз меъёри иқлимӣ камтар, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ зиёдтар пешгӯӣ мешавад. Давоми моҳи сентябр ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо шамол аз самти ғарб бо суръати 13-18 метр дар як сония мевазад.
Дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво дар ҳадди меъёри иқлимӣ, дар баъзе минтақаҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, ҳаво 5+8 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Дар даҳрӯзаи аввали моҳи сентябр ҳаво шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 13+18 дараҷа гарм пешгӯӣ карда мешавад. Дар даҳрӯзаҳои дуюм ва сеюми моҳ пастшавии ҳаво дар назар буда, рӯзона то 6+11 дараҷа гарм ва шабона 2-7 дараҷа хунук мешавад. Микдори моҳонаи бориши атмосферӣ дар ҳадди меъёри иқлимӣ, дар баъзе минтақаҳо аз меъёри иқлимӣ зиёдтар дар назар дошта шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд






