Дар Тоҷикистон беш аз 16 ҳазор гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешавад

Сентябрь 30, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 30.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи амалисозии барнома имконият фароҳам мегардад, ки 11 800 гектар заминҳои нав азхуд ва 16 750 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ба гардиши кишоварзӣ дароварда шаванд. Дар ин хусус 29 сентябр дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баррасии «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» иттилоъ дода шуд.

Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ Зафарбек Давлатзода иброз намуд, ки ин барнома барои расидан ба ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» таҳия гардида, мақсади асосии он зиёд намудани азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар ҷумҳурӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 декабри соли 2024 дар Паём ба Маҷлиси Олӣ супориш дода буданд, ки барои азхудкунии заминҳои нави кишоварзӣ бо назардошти афзоиши аҳолии мамлакат барнома таҳия карда шавад.

Тавре аз Агентии беҳдошти замин ва обёрии мамлакат иттилоъ доданд, соли 2025 Агентӣ нақша дорад, ки 3 ҳазору 254 гектар заминро азхуд намуда, аз он 1400 гектарро ба гардиши кишоварзӣ ворид намояд.

Ба иттилои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мамлакат 861 ҳазор гектар замини кишоварзӣ мавҷуд аст. Дар ин заминҳо вобаста ба талаботи бозори истеъмолӣ навъҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ кишт карда мешаванд. Вазорати кишоварзии Тоҷикистон нақша дорад, ки майдони замини корамро ба 1,5 миллион гектар расонад.

Ба тавсияи коршиносони соҳаи кишоварзӣ, дар ҷумҳурӣ имкони зиёд намудани заминҳои кишт мавҷуд аст. Заминҳои кишт аз ҳисоби заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда тавассути обмонӣ зиёд карда мешаванд. Тибқи барномаҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон татбиқ мегарданд, ҳар сол майдони заминҳои кишт зиёд карда мешавад. Яке аз омилҳои асосии афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ — ин самаранок истифода бурдани заминҳои таъйиноти кишоварзӣ ба шумор меравад.

Ба таҳлили коршиносон, барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва истифодаи самараноки замин бояд истифодаи фонди замин дар хоҷагиҳои кишоварзӣ беҳтар карда шавад. Инчунин пешгирӣ намудани ҳолатҳои аз таъйиноти кишоварзӣ баромадани заминҳои корам ва ба замини корам табдил додани заминҳои берун аз кишоварзӣ истифодашаванда яке аз омилҳои дигари зиёд гардидани заминҳои корам дар мамлакат мебошад.

Ба иттилои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ 19 ҳазору 718 гектар заминҳои партов ва 4923 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда мавҷуд ҳастанд. Барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани онҳо Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор чораҷӯӣ менамояд.

Тоҷикистон чун мамлакати кӯҳӣ дорои релефи ҷуғрофии мураккаб буда, бо сабаби мавҷуд набудани захираҳои кофии заминҳои барои кишоварзӣ мутобиқ аз роҳи экстенсивии рушди соҳаи кишоварзӣ маҳдуд мебошад. Вобаста ба ин, таъмини бехатарии озуқаворӣ тақозо менамояд, ки замин, бахусус заминҳои корам эҳтиёт карда шуда, ҳар қитъаи он самаранок истифода гардад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 30, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд