Дар Тоҷикистон беш аз 35 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст

Сентябрь 3, 2025 11:40

ДУШАНБЕ, 03.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон то 1 сентябри соли 2025   35 ҳазору 236 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳиссаи асосии ҳосили ҷамъоваришуда ба хоҷагиҳои вилояти Хатлон рост меояд, ки 33 ҳазору 432 ҳазор тонна мебошад.

Пахта зироати стратегӣ маҳсуб шуда, назар ба дигар зироати кишоварзӣ метавонад манфиати иқтисодӣ ва даромади бештар орад. Ҳангоми дуруст риоя кардани агротехникаи парвариши он ҳосили хуб рӯёнида мешавад.

Пахта зироате аст, ки онро бештар барои нахаш парвариш менамоянд. Дар баробари нах аз он чигит, ғӯзапоя, равған, хӯроки чорво ва дигар намуди маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Нахи пахта ашёи асосии он мебошад. Он пахтае, ки дар Тоҷикистон парвариш карда мешавад, аз 34 то 35 фоиз баромади нах дорад. Ҳамчунин навъҳое ҳастанд, ки фоизи баромади нахашон ба 39-40 фоиз мерасад. Пахта маҳсулоте мебошад, ки аз парвариш то коркард бе партов мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 3, 2025 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд