Дар замони соҳибистиқлолӣ афзоиши табиии аҳолӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 2,4 фоизро ташкил медиҳад

Сентябрь 9, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 09.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Афзоиши табиии аҳолӣ аз ҳисоби зиёд шудани таваллуд ва паст гардидани фавт дар замони соҳибистиқлолӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 2,4 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, аз ҷониби дигар, дар ин давра дарозумрии миёнаи аҳолӣ аз 70 ба 76,3 сол расидааст.

Ҳукумати мамлакат бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои судманд меандешад. Дар айни замон дар мамлакат “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” мавриди амал қарор дорад.

Дар робита ба афзоиши табиии аҳолии мамлакат Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки давоми шаш моҳи соли 2025 шумораи аҳолии Тоҷикистон 2,1 фоиз афзоиш ёфтааст.

Шумораи аҳолии мамлакат ба ҳолати 1 июли соли 2025 бо назардошти шумораи таваллудшудагон, фавтидагон ва муҳоҷират 10 миллиону 603,8 ҳазор нафарро ташкил додааст.

Афзоиши табиии аҳолӣ аз рӯи маълумоти пешакӣ дар моҳҳои январ – июни соли 2025 нисбат ба январ – июни соли 2024 ба андозаи 2,0 фоиз зиёд шуда, ба 98,9 ҳазор нафар расидааст, ки ба 1000 нафар аҳолӣ 18,8 нафар рост омадааст.

Дар нимсолаи якуми соли 2025 мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар асоси муҳлати муқаррарнамудаи қонун 116,2 ҳазор кӯдаки навзод ва 17,2 ҳазор шахсони фавтида, аз ҷумла 0,8 ҳазор кӯдакони синни то 1-сола фавтидаро ба қайд гирифтаанд.

Коэффитсиенти умумии таваллуд ва коэффитсиенти умумии фавт аз рӯи баҳои пешакӣ мутаносибан ба 1000 нафар аҳолӣ 22,1 ва 3,3 нафар рост омадааст.

Дар нимсолаи якуми соли 2025 нисбат ба нимсолаи якуми соли 2024 дар ҷумҳурӣ сабти таваллуд 2,1 фоиз зиёд шудааст.

АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 9, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд