Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон даромадҳои пулии аҳолӣ аз 1 миллиард то 147 миллиард сомонӣ зиёд гардид
ДУШАНБЕ, 06.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Новобаста аз таъсири омилҳои берунӣ дар натиҷаи татбиқи бомароми стратегияю барномаҳои давлатӣ танҳо дар 25 соли давраи Истиқлоли давлатӣ маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 1,8 миллиард сомонӣ то 153,4 миллиард сомонӣ ё 85 маротиба, даромадҳои пулии аҳолӣ аз 1 миллиард сомонӣ то 147 миллиард сомонӣ ё 147 маротиба зиёд гардиданд. Дар ин хусус Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода зимни баргузории ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатӣ маълумот дод.
Ба иттилои Завқӣ Завқизода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 1,4 миллиард сомонӣ то 53,8 миллиард сомонӣ ё 38 маротиба ва ҳаҷми содирот аз 784 миллион доллар то 1947 миллион доллар ё 2,5 маротиба зиёд гардидааст.
Вазири рушди иқтисод ва савдо изҳор дошт, ки ҳамаи дастовардҳои давраи соҳибистиқлолӣ, ваҳдату амнияти миллӣ ва ободу зебо гардидани мамлакат маҳз ба азму иродаи қавӣ ва талошҳои шабонарӯзии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандӣ дорад. Ин аст, ки давлати мо дар самти рушди устувор ва таъмини зиндагии арзандаи мардуми Тоҷикистон ба комёбиҳои назаррас ноил гардид.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоиз то 20,4 фоиз коҳиш ёфта, зиёда аз 2550 киломер роҳҳо ва беш аз 2 ҳазор мегаватт иқтидори нави энергетикӣ, бахусус 2 агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун», 3670 муассисаи нави таълимӣ, 3076 муассисаи нави тиббӣ сохта, ба истифода дода шуданд.
Иброз гардид, ки дар натиҷа ташкилоти байналмилалии молиявӣ Тоҷикистонро ҳамчун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ арзёбӣ намуданд. Зеро дар 20 соли охир аввалин маротиба дар панчсолаи охир рушди иқтисодӣ дар сатҳи балантар аз 8 фоиз таъмин гардид.
Сарфи назар аз таъсири ду буҳрони шадиди иқтисоди глобалӣ дар 5 соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат 74,3 миллиард сомонӣ ё 2,2 маротиба афзоиш ёфт, ки он соли 2024 153,4 миллиард сомониро ташкил дода буд. Дар ин давра суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоиз (8,5 фоиз бе назардошти соли 2020 – соли паҳншавии пандемияи КОВИД-19) таъмин гардид, ки нисбат ба 5 соли қабл (2015-2019) 0,7 (1,5) банди фоизӣ баланд аст.
Дар нимсолаи якуми соли 2025 низ устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 70,8 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он 8,1 фоизро ташкил дод.
Завқӣ Завқизода даъват ба амал овард, ки зиракии сиёсиву амниятиро аз даст надода, доимо барои ҳифз ва тақвият додани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, бахусус таъмини устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва иҷрои вазифаҳои мансабӣ аз пештара бештар талош намоем.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд






