Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Нонпазӣ ва маҳсулоти нонӣ, қаннодӣ, ҳалвопазӣ, шириниҳои миллӣ ва муосир» ҷамъбаст шуд
ДУШАНБЕ, 06.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Нонпазӣ ва маҳсулоти нонӣ, қаннодӣ, ҳалвопазӣ, шириниҳои миллӣ ва муосир» таҳти унвони «Зеби дастархон» ҷамъбаст гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар озмун роҳбарияту намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва намояндагони корхонаю ширкатҳои пойтахт иштирок намуданд.
Нахуст меҳмонону иштирокчиёни фестивал бо намоиши навъҳои гуногуни маҳсулоти нонӣ, қаннодӣ, ҳалвопазӣ, ки дар даромадгоҳи Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» ба маъраз гузошта шуда буд, шинос шуда, ба намунаҳои беҳтарини онҳо баҳои баланд доданд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода иброз намуд, ки фестивал бо мақсади баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ дар пойтахт, беҳтар намудани сифати истеҳсолоти ватанӣ гузаронида мешавад.
Баъд аз санҷишу азназаргузаронӣ ғолибони фестивал муайян карда шуда, дар фазои тантанавӣ ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол аз ҷониби намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе











МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд






