Доир ба Истиқлоли давлатӣ ва рушди низоми ҳуқуқии миллӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 11.09.2025 /АМИТ «Ховар» /. «Истиқлоли давлатӣ ва рушди низоми ҳуқуқии миллӣ»-таҳти ин унвон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз академия хабар доданд.
Ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи академия Карамалӣ Карамалишоев иброз намуд, ки Истиқлоли давлатӣ чун пайки озодӣ ва соҳибдавлатӣ тақозо менамояд, ки насли имрӯз барои бегазандӣ ва ҳифзи он аз ҳар гуна таҳдидҳои ҷаҳони муосир пайваста талош намояд.
Дар конференсия зиёда аз 20 маърузаи илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки фарогирандаи паҳлуҳои гуногуни ҳуқуқии ҳифзи Истиқлоли давлатӣ буданд. Аз ҷумла, «Ислоҳоти конститутсионӣ ҳамчун василаи амалигардонии ҳуқуқӣ ва аҳамияти он дар таҳкими низоми давлатдории Тоҷикистон», «Истиқлоли давлатӣ ва нақши он дар ташаккули низоми ҳуқиқии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Рушди низоми ҳуқуқии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ», «Ҷаҳонишавии ҳуқуқ ва таъсири он ба низоми ҳуқуқии миллӣ», «Нақши Истиқлоли давлатӣ дар ташаккули ҳокимияти конститутсионӣ: ҷанбаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ» ва ғайра аз ин ҷумла буданд.
Зимни баррасии ин мавзуъҳо олимон оид ба ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва мукаммал намудани қонунгузории миллӣ дар ин самт пешниҳодҳо манзур намуданд.
Иштирокчиён баргузории чунин конференсияи сатҳи баландро нишон аз Ваҳдати миллӣ, тинҷиву амонӣ ва самараи Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ намуданд. Изҳори умед карда шуд, ки конференсия дар ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии мутахассисони соҳа, инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳуқуқ ва таҳкими қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши арзанда мегузорад.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд






