Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия дар самти меҳнат ва шуғли аҳолӣ баррасӣ гардид

Сентябрь 23, 2025 19:00

ДУШАНБЕ, 23.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо Вазири меҳнат ва таъминоти иҷтимоии Ҷумҳурии Туркия Ведат Ишикхан вохӯрӣ доир намуд, ки зимни он ҷонибҳо оид ба ҳамкорӣ ва дурнамои он дар самти меҳнат ва шуғли аҳолӣ табодули афкор намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар доданд.

Баъд аз вохӯрӣ ҷаласаи якуми Кумитаи муштараки кории Тоҷикистону Туркия баргузор гардид. Дар он вазъи кунунии ҳамкории дуҷониба дар доираи амалишавии Созишномаи ҳамкории мутақобил байни Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва таъминоти иҷтимоии Ҷумҳурии Туркия аз 11 октябри соли 2002 баррасӣ гардид.

Ҳайати ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаи нозироти меҳнат, ҳифзи саломатӣ, бехатарии меҳнат, рақамикунонии хизматрасониҳои шуғли аҳолӣ ва рушди малакаҳои касбиро муайян намуда, лоиҳаи Нақшаи амали муштарак барои солҳои 2026-2027-ро барои дар амал татбиқ намудани ин созишнома баррасӣ карданд.

Аз натиҷаи ҷаласа протоколи дахлдор ба имзо расоид. Дар он Нақшаи амали муштарак барои солҳои 2026-2027 тасдиқ ва самтҳои ҳамкорӣ барои ду соли оянда мушаххас карда шуд.

Дар назар аст, ки дар доираи Нақшаи амали муштарак барои солҳои 2026 – 2027 ҳамкорӣ дар самтҳои меҳнат, бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, баланд бардоштани самаранокии назорати меҳнат ва тартиб додани усулҳои муосири назорат, шуғли аҳолӣ, рушди малакаҳои касбӣ ва гузаронидани таҳқиқоти муқоисавӣ таҳким ва тақвият ёбад.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 23, 2025 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд