«ДУШАНБЕ — МУАРРИФУ ТАҲКИМБАХШИ АРЗИШҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ». Бардошт аз ҳамоиши илмӣ-адабӣ
ДУШАНБЕ, 06.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 5 сентябр дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит таҳти унвони «Душанбе — муаррифу таҳкимбахши арзишҳои соҳибистиқлолӣ» ҳамоиши илмӣ — адабӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.
Раиси Кумитаи ииҷроияи Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Абдураҳим Шоҳиён иброз дошт, ки имрӯз мо мардуми Тоҷикистон дар арафаи ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатӣ қарор дорем ва моро мебояд, дар амалӣ намудани ҳадафҳои некусозандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ бошем ва бо кору амали созандаи худ сазовор ба зиндагии шоиста гардем.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иброз намуд, ки озодию истиқлол барои ҳар миллат дастоварди муқаддас ба шумор мераванд. Миллати тоҷик давоми садсолаҳо бо ормони давлати мустақили миллӣ зиндагӣ ба сар мебурд. Даврони истиқлолиятро марҳилаи рушд ва инкишофи андешаи ҳуқуқи инсон низ номидан мумкин аст.
Дар ҷараёни ҳамоиш муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода вобаста ба таърихи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки «Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва дигар арзишҳои миллӣ бояд дар ниҳоди ҳар фарди ҷомеа, махсусан насли наврасу ҷавон тарғиб ва ҳифз карда шаванд. Ҳифзи марзу буми ватан, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, фарҳанг ва генофонди миллӣ, инчунин тарғиби идеологияи солими миллӣ масъулияти ҳамаи фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахусус ҳамсафони мо мебошад».
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки халқи тоҷик давоми солҳои дарози таърих барои ҳифзи забон, фарҳанг ва ҳувияти миллии худ муборизаҳои зиёд бурдааст. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзишҳои миллию давлатӣ эҳё гардиданд.
Дар фарҷом як зумра аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар амалишавии ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии ҳизбӣ саҳм гузоштаанд, бо Сипоснома ва медали ҷашнии 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе










Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид






