DUSHANBE-TRAVEL. Дар 7 моҳ беш аз 933 ҳазор нафар ба тамошои Тоҷикистон омадаанд

Сентябрь 3, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 03.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо андешидани тадбирҳои амалӣ солҳои охир вуруди сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон зиёд гардида, танҳо дар 7 моҳи соли равон шумораи онҳо ба 933 ҳазор нафар расидааст. Ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 33,1 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Холматиён имрӯз зимни рӯнамоии портали сайёҳии шаҳри Душанбе ва саҳифаҳои расмии шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маълумот дод.

Ба иттилои Рустам Холматиён, дар айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 200 ширкати сайёҳӣ ва зиёда аз 356 субъекти хизматрасони сайёҳӣ фаъолият намуда, саҳми сайёҳӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,5 фоизро ташкил медиҳад. Тибқи Стратегияи милии рушд то давраи 2030 он бояд ба 8 фоиз бояд расонида шавад.

Иброз гардид, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои сердаромадтарин дар ҷумҳурӣ ва ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Он 10 фоизи маҷмуи маҳсулоти ҷаҳониро ташкил дода, зиёда аз 16 фоизи шуғли аҳолӣ маҳз ба ин самт равона гардидааст.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода гуфт, ки имрӯзҳо зарфияти сайёҳии мамлакат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври шоиста муаррифӣ мегардад.

«Шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон симои миллати тоҷик ва дарвозаи асосии вуруди меҳмонону сайёҳон ба мамлакат маҳсуб мешавад. Сифати хизматрасонии субъектҳо дар он на танҳо дар рушди соҳа, балки дар баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон ва муаррифии шоистаи дастовардҳои ватани азизамон дар сатҳи байналмилалӣ нақши созгор мебозад»,-изҳор дошт Дилбар Одилзода.

Соҳаи сайёҳӣ на танҳо имконияти иқтисодии мамлакатро густариш медиҳад, балки ба муаррифии фарҳанг, таърих ва анъанаҳои нодири миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста барномаҳо ва стратегияҳои рушди соҳаи сайёҳиро амалӣ намуда, ба рушду ҳамкории байналмилалӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.


Имрӯз бо мақсади истифодаи самараноки имконияти сайёҳӣ ва муарифии иқтидори сайёҳии пойтахти мамлакат портали сайёҳии шаҳри Душанбе таъсис дода шуд, ки ин портал www.dushanbe-travel.tj мебошад. Ин портал на танҳо манбаи иттилоотӣ, балки намунаи амалии татбиқи иқтисоди рақамӣ ва инноватсия дар доираи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардидани солҳои 2025-2030 дар Тоҷикистон мебошад.

Дар замоне ки Ҳукумати мамлакат рушди иқтисоди рақамиро самти афзалиятнок эълон намудааст, таъсиси чунин платформа қадами муҳим дар самти мутобиқ сохтани хизматрасониҳои сайёҳӣ ба талаботи асри нав мебошад.

Саҳифаҳои расмии DUSHANBE.TRAVEL дар шабакаҳои иҷтимоӣ — Facebook, Instagram, VKontakte, Threads, TikTok ва Telegram фаъолият доранд. Дар онҳо доир ба имконоти сайёҳии Душанбе, чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва дигар навгониҳо маълумоти доимӣ нашр карда мешавад.


Ҳоло саҳифаи Facebook зиёда аз 15 500 обуначӣ дошта, ҳар моҳ то 1 миллион тамошобинро фаро мегирад. Саҳифаи Instagram зиёда аз 103 000 обуначӣ дорад, ки 35%-и онҳо шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд. Танҳо тамошобини роликҳои кӯтоҳи нашршуда дар ин шабакаи иҷтимоӣ то ба 1,5 миллион нафар расида, шумораи умумии диданҳо дар як моҳ то 5 миллион нафарро ташкил медиҳад.

Дар ин саҳифаҳо ҳамарӯза аксҳо ва видеороликҳои тарғиботӣ оид ба мавзеъҳои ҷолиби пойтахт нашр карда мешаванд. Танҳо давоми соли равон беш аз 4100 акс ва 320 видеоролик ба таври густурда интишор ёфтааст.

Ин иқдом воситаи муассири муаррифии имконияти сайёҳии Душанбе буда, ҳамзамон заминаи муҳими рушди сайёҳии рақамӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва густариши ҳамкории судманд бо ширкатҳои байналмилалӣ ба шумор меравад. Бо истифода аз технологияи муосир имконият пайдо мешавад, ки хизматрасонӣ барои сайёҳон шаффоф, дастрас ва мутобиқ ба талаботи ҷаҳонӣ гардад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Сентябрь 3, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Беш аз 46 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ бо мавзеъҳои зебои Данғара шинос гардиданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Имсол ба вилояти Хатлон беш аз 900 ҳазор сайёҳ ташриф овардааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди ноҳияи Данғара ба таври фосилавӣ Маркази хизматрасонии сайёҳӣ ва зиёда аз 50 километр роҳҳои мумфаршгардидаро ифтитоҳ намуданд
Имсол беш аз 30 ҳазор сайёҳон бо мавзеъҳои таърихии ноҳияи Восеъ шинос гардиданд
Дар нуҳ моҳ беш аз 1,5 миллион сайёҳ мавзеъҳои ҷолиби Тоҷикистонро тамошо намуданд
«САЙРИ МЕҲРГОН». Дар доираи ин хатсайр меҳмонони хориҷӣ бо таъриху суннатҳои ин ҷашни бостонӣ шинос шуданд
«САЙРИ МЕҲРГОН». Дар Душанбе ба макони таҷлили ин ҷашн хатсайри сайёҳии ройгон ташкил карда мешавад
«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Иштирокдорони Форуми байналмилалии сармоягузорӣ «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуданд
Дар шаҳри Панҷакент Маҷмааи фарҳангӣ, сайёҳӣ ва ҳунармандӣ ба истифода дода шуд
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2025 фаъолияти назаррас дошт
Озмуни аксҳо таҳти унвони «Душанбе – шаҳри гулҳо ва зебоӣ» эълон гардид
Имсол ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 40 ҳазор сайёҳ ворид гардид