Эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллӣ самараи даврони Истиқлоли давлатӣ мебошад

Сентябрь 10, 2025 09:41

ДУШАНБЕ, 10.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳама рӯйдодҳои бузурги сиёсӣ ва воқеаҳои муҳими таърихӣ дар давлатдории навини миллии тоҷикон нақши умда дошта, аз як ҷониб бо далели ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва аз тарафи дигар, ба ҳаёту фаъолияти абармарди сиёсат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаи мустақим доранд.

— Пешвои миллат ҳамчун фарзанди барӯманди Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали фаъолияташон ба ҳайси Сарвари давлат аз пуштибонии гарму самимии мардуми мамлакат, дуои хайри падарону модарон, собиқадорону пирони рӯзгор ва махсусан, дастгирии фаъолонаи ҷавонони ватандӯсту бонангу номус руҳу неруи тоза гирифта, дар самти бартараф намудани мушкилоти ниҳоят душвору сангини сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ, эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллӣ бо иродаи мустаҳкам ва азми қавӣ қадамҳои устувор ва матин гузоштанд.

Дар ин ҷода ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат аст, ки дар суханрониашон ба муносибати савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  30 октябри соли 2020 аз мардуми ҷумҳурӣ сипосгузорӣ намуда, аз ҷумла таъкид иброз доштанд, ки «…ихлосу эътимоди мардум масъулияти маро барои ба ҷо овардани рисолати бузурги давлатдорӣ, яъне роҳбарӣ кардани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, таъмин намудани фаъолияти муназзаму босамари рукнҳои давлатдорӣ, амнияти ҷомеа ва давлат, волоияти қонун, рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ва муҳимтар аз ҳама, боз ҳам беҳтар гардонидани шароити зиндагиву рӯзгори сокинони мамлакат бамаротиб меафзояд».

Бояд ин нуктаро таъкид намуд, ки ҳангоми интихоб шудани Роҳбари давлат ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷумҳурии мо рӯзҳои бисёр сангину мудҳишро аз сар мегузаронд, зеро оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аланга зада, тару хушкро баробар месӯхт. Бо шуҷоати сиёсӣ, эҳсоси баланди масъулият дар назди мардум, садоқат ба кори худ, мусолиҳа бо рақибони сиёсӣ, азхудгузаштанҳо ва ҷонфидо будан ба Ватан ин шахсияти барҷаста тавонистанд, ки зимоми давлатдориро ба даст гирифта, барои хомӯш намудани алангаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо тамоми ҳастии худ саъю талош намоянд ва ба мардуми ҷафокашидаи тоҷик ваъда диҳанд, ки «Ман ба шумо сулҳ меорам». Ин шиор маромномаи ба даст овардани сулҳи тоҷикон ва таъмини ваҳдати миллӣ ва минбаъд пояи мустаҳкаме барои роҳандозии сиёсат дар самти эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллӣ гардид.

Якдиливу ҳамраъйӣ ва ҳамбастагию пайвандгарӣ, ки зодаи сулҳу оштӣ аст, бо сиришти азалии мардуми куҳанбунёд ва фарҳангофарини тоҷик ҳамқисмат аст. Ин хосияти умда ва азалии мероси фарҳангӣ ва мадании бостонии тоҷикон, ба мисли «Авасто», «Занд»-у «Позанд», «Худойнома», «Менуи хирад», «Бундаҳишн» ва амсоли он мавриди ситоишу ниёиш қарор гирифта, дар оромишу осоиш зиндагӣ кардан яке аз рукнҳои асосии тарзи ҳаёти солими ниёгони мо будааст. Ниёгони хирадсолори мо барои ҳар қисмати зиндагии худ рамзҳое доштанд, ки ба он бовар мекарданд ва сарнавишти худро ба онҳо вобаста медонистанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари хирадманд, соҳибтаҷриба ва таҳлилгари воқеъбину дурандеш ҷавҳари ҳикмати ниёгонро ба хубӣ эҳсос намуда, барои таҳким бахшидани худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, дар шароити кунунӣ дар назарияи ваҳдати миллӣ ба тафаккури навини миллӣ асос гузоштанд. Дар ҷавҳари он эҳсоси амиқи ҳамбастагӣ ва муттаҳидии миллат ва расидан ба саодати зиндагӣ қарор гирифта, дар даврони Истиқлоли давлатӣ ба ҳадафҳои меҳварии сиёсати Пешвои миллат табдил ёфт.

Ин ҳама вобаста ба он аст, ки тоҷикон, табиатан, мардуми фарҳангофару тамаддунсоз буда, аз қадим халқу хонадонҳои ҳукмрони он ҳар яке барои рушди тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми босазо гузоштаанд. Бо вуҷуди борҳо аз даст додани истиқлоли сиёсӣ ин мардум фарҳанги худро аз бегонашавӣ ҳифз карда, давра ба давра такмил додаанд. Бахусус, баъди сарнагун гаштани давлати Сомониён давоми қариб ҳазор сол, ки мардуми таҳҷоӣ зери зулм ва таъқибҳои қабилаҳои саҳроӣ ранҷу машаққат кашид, маҳз фарҳанг ва унсурҳои хосси он — забон, хат ва алифбо, бар замми ин осори нобу пурарзиши илмии бузургонаш нагузошт, ки халқи тоҷик номи худро аз саҳифаи таърих маҳв созад.

Бавижа, даҳсолаи охири асри XX дар таърихи фарҳангпарваронаи мардуми тоҷик чун саҳифаи дурахшоне  бозтобӣ мешавад. Сабаби асосӣ дар он аст, ки миллати тоҷик ба Истиқлоли давлатӣ соҳиб гардида ва зимоми давлатдориро ба ихтиёри худ гирифта, аз лиҳози сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мустақилияти худро таъмин сохт.

Бо ин сабабҳо Истиқлоли давлатӣ барои мардуми таҳаммулгарову тамаддунсоз ва фарҳангсолори тоҷик ҳамчун неъмати бебаҳо, падидаи муттаҳидкунанда, унсури хоси устувор нигоҳ доштани ягонагии марзии давлатдории миллӣ арзиши басе баландро касб намуд. Истиқлоли давлатӣ ҳидоятгари аҳли ҷомеа барои арҷ гузоштан ба мероси ниёгон, бахусус, анъанаву расму русуми аҷдодӣ, суннатҳои аслӣ ва эҳтиром доштан ба муқаддасоти миллӣ гардид. Бавижа, ба сифати сарчашмаи ташаккулёбии андешаи миллӣ, ҳувият, шинохти миллӣ Истиқлоли давлатӣ хизмати мондагор намуд. Ин падида шароит созгор намуд, ки андеша, тафаккури даврони шуравии аҳли ҷомеа нисбат ба анъанаю суннатҳои аҷдодӣ тағйир ёбад. Хусусан, дар даврони шуравӣ забони шевои тоҷикӣ ба ҳукми забони хонагӣ, муносибатҳои байнихонаводагӣ даромада, барои бештари шаҳрвандон, аз ҷумла, аҳли зиё, олимону муҳаққиқони соҳаҳои илмҳои табиатшиносиву дақиқ ва тиб барои таълиф намудани китобҳои дарсиву асарҳои илмӣ-таҳқиқотӣ қобили қабул дониста намешуд. Ҳатто дар маҷлису ҷамъомадҳо аз истифодаи ин забон худдорӣ мекарданд. Ҳимоятгарони ин забони ноб дар он даврон танҳо донишмандони ҷомеашинос, олимони соҳаҳои адабиёту забоншиносӣ ихлосмандон ва омӯзгорони забони модарӣ буданд.

Ҳамин тавр, Истиқлоли давлатӣ аз расидан ба истиқлоли забонӣ оғоз гардида, дар самти ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ чунин самараҳоро ба бор овард:

Аввалан, андешаи миллиро ба сифати рукни асосии давлатдории миллӣ ва забони ноби тоҷикиро ба сифати забони давлатӣ, расмӣ-ҳуҷҷатгузорӣ табдил дод, ки ин дастоварди бегазанд яке аз самараҳои нахустини дастёбӣ ба истиқлоли сиёсӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб меравад.

Дуюм, дар даврони ҳукмронии идеологияи шуравӣ ҷашни солгарди донишмандони бузург, ба мисли устод Рӯдакӣ, ибни Сино, Ҳофиз, Ҷомӣ ва дигарон бояд бо роҳбарони ҳизбӣ дар марказ мувофиқа карда мешуд. Истиқлоли давлатӣ ин мушкилиро аз байн бардошт ва мероси фарҳанги миллиро натиҷаи раванди ягонаи таърихӣ арзёбӣ намуда, ба арзишҳои он аз нигоҳи нав — аз дидгоҳи таърих ва меъёру арзишҳои умумибашарии гуманистӣ баҳо дод.

Сеюм, дар қиёс бо низоми давлатдории шуравӣ даврони Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик нигоҳи нав, тафаккури нави созанда ва рисолати ояндабинона доштанро нисбат ба дарки моҳияти худ, Ватан, марзу бум, арзишҳои фарҳангӣ, муқаддасоти миллӣ, назму тартиби давлатдорӣ ва ғайраро асос гузошт.

Чаҳорум, Истиқлоли давлатӣ тарҳи нави давлатдории миллиро бозтобӣ дошта, фазои мустақили сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро бароямон фароҳам овард, то дар асоси такя намудан ба арзишҳои волои фарҳанги гузашта унсурҳои муҳими онро ба бозёфтҳои фарҳангии тамаддуни муосири ҷомеаи пешрафта омезиш дода, шароити мусоидро барои зиндагии маънавии шоиста барои кулли мардум таъмин намоем.

Истиқлоли давлатӣ барои ҷомеаи муосири Тоҷикистон, пеш аз ҳама, равандест, ки ташаккул ва комилшавии шуурнокӣ ва таҳаввули ҳувияти миллиро тақозо дорад. Аз ҷанбаи равонӣ-фарҳангӣ Истиқлоли давлатӣ ифодакунандаи падидаи худшиносист, ки шаҳрвандонро ҳушдор дод, ки асли хешро шиносанд, муҳофиз ва такмилдиҳандаи арзишҳои фарҳанги миллӣ дар пешорӯйи бархурди тамаддунҳо бошанд.

Дар даврони Истиқлоли давлатӣ, махсусан пажӯҳиш ва бо хати муосир ба нашр расонидан ва дастраси мардум гардонидани осори хаттии ниёгон барои қавӣ гардонидани хотираи таърихии мардум, инчунин таъсиси китобхонаҳо, осорхонаҳо, кохҳои фарҳангӣ, марказҳои омӯзишии ҳозиразамон ва бо воситаҳои технологии муосир ҷиҳозонидани онҳо барои ташаккул додани донишҳои замонавӣ ва ҷаҳонбинии илмии аҳли ҷомеа, ташаккул додани тафаккури техникӣ ва забондонии насли наврасу ҷавон бо мақсади муаррифӣ намудани арзишҳои фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, баргузор кардани ҳамоишҳои илмӣ ва рӯзҳои фарҳангии ҷумҳурӣ дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ғайра аз иқдоми наҷиб ва шоиста мебошанд. Маҳз бо ҳамин сабабҳо Истиқлоли давлатӣ ва сарварии Пешвои миллат аз болои раванди таъмини он барои миллати тоҷик имкониятро барои эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллӣ фароҳам сохтанд.

Нозим МАҲМАДИЗОДА,
директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
доктори илмҳои фалсафа, профессор

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 10, 2025 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Шаҳринав мактабу толори варзишӣ ва марказҳои хизматрасонӣ ба истифода дода шуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон доир шуд
Дар Ёвон ба муносибати 34-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Хона-интернати пиронсолон ва маъюбон чорабинии идона баргузор гардид
Маркази байналмилалии рушд ва инноватсияи Хатлон ифтитоҳ гардид
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон 34-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас ҷашн гирифтанд
Дар Теҳрон Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид
Дар Ҷопон фарҳанг ва таомҳои миллии тоҷикӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Ҳисор Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ бо барномаи рангини консертӣ ва театрӣ таҷлил гардид
Доир ба Истиқлолияти давлатӣ ва рушди саноати миллӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ китоби «Корномаҳои ҷовидонаи Пешвои муаззами миллат» аз чоп баромад
Дар Душанбе 34-солагии Истиқлоли давлатӣ ботантана таҷлил гардид
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои музмин бештар мегарданд