Gallup: Тоҷикистон аз ҷиҳати амну субот ва эътимоду боварии шаҳрвандон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷойи якум қарор гирифт

Сентябрь 20, 2025 09:31

ДУШАНБЕ, 20.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни давлатҳои амнтарини ҷаҳон аз рӯйи нишондоди «Ҳуқуқ ва тартибот», ки амну субот ва эътимоду боварии шаҳрвандонро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаро мегирад, дар ҷойи якум қарор гирифт. Ин маълумот дар гузориши «Global Safety Report – 2025»-и Пажуҳишгоҳи амрикоии афкори умум «Gallup» оварда шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ба даҳгонаи кишварҳои амнтарини ҷаҳон аз рӯй нишондоди «Ҳуқуқ ва тартибот» ба ҷуз аз Тоҷикистон (97%) ҳамчунин Сингапур (95%), Косово (94%), Чин, Исландия ва Ветнам (ҳар кадом 93%), Норвегия (92%), Австрия, Баҳрайн ва Умон (ҳар кадом 91%) шомил мебошанд.

Назарпурсие, ки дар асоси гузориши «Global Safety Report – 2025» анҷом дода шудааст, нишон медиҳад, ки тоҷикистониён зимни гаштугузори шабона ҳеҷ хатареро эҳсос намекунанд ва ба мақомоти ҳифзи тартибот пурра эътимод доранд.

Ёдовар мешавем, ки дастовардҳо дар арсаи байналмилалӣ ва эътироф гардидан аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсули сиёсати муваффақонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ташаббусҳо ва иқдомҳои пайвастаи роҳбарияти давлат боис гардиданд, ки амният ва суботи сартосарӣ дар кишвар таъмин шуда, нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам боло равад.

Сентябрь 20, 2025 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид