Хуршед Мирзо дар форуми БРИКС дар Чин омодагии Тоҷикистонро барои ҳамкории рақамӣ ва саноатӣ баён намуд
ДУШАНБЕ, 17.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо дар Форуми БРИКС оид ба шарикӣ дар самти «интиқоли саноати ҷадид» дар муҳокимаҳои сатҳи баланд оид ба густариши ҳамкории саноатӣ ва рақамӣ иштирок ва суханронӣ намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҷараёни муколамаи сатҳи баланди саноатии Форуми PartNIR-2025 (Шарикӣ оид ба инқилоби нави саноатӣ) директори Агентӣ аҳамияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти ташкили экосистемаҳои устувори рақамӣ, тезонидани равандҳои инноватсионӣ ва ҷалби сармоягузории устуворро ба Тоҷикистон таъкид кард.
Инчунин нақши пайвастагиҳои рақамии фаромарзӣ, технологияҳои нав ва ҳамкории бахши давлатӣ ва хусусиро дар рушду густариши фарогири саноатӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Дар ҳошияи форум директори Агентӣ бо як зумра роҳбарони мақомоти баландпояи Ҷумҳурии Мардумии Чин, аз ҷумла бо Вазири саноат ва технологияҳои иттилоотии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Лечен мулоқот намуда, масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар самти рақамисозии саноат, рушди иқтидор ва ташкили хизматрасониҳои давлатиро баррасӣ намуд. Ҳамзамон бо Губернатори вилояти Фуҷян Чжао Лун имконияти муштарак дар минтақаҳои технологияи баланд, инфрасохтори додаҳо ва саноати нимноқилҳо мавриди муҳокима қарор гирифт.
Роҳбарияти Агентӣ Ҳукумати вилояти Фуҷян ва доираҳои тиҷоратии онро даъват намуд, то дар дуюмин ПЛАС Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan», ки моҳи октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, иштирок намоянд. Ин форум платформаи муҳим барои тавсеаи ҳамкорӣ ва намоиши имконияти нави рушд арзёбӣ мешавад.
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми БРИКС омодагии давлатро ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, ҷалби технологияҳои пешрафта ва ташаккули мавқеи он ҳамчун маркази инноватсия ва пайвастагии рақамӣ дар Осиёи Марказӣ тасдиқ намуд.
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон









Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






