Имрӯз аз нашри нахустин шумораи маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» 19 сол сипарӣ гардид

Сентябрь 6, 2025 10:20

ДУШАНБЕ, 06.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 6 сентябри соли 2006 дар Тоҷикистон аввалин шумораи маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» бо теъдоди тақрибан 4 ҳазор шумора ба нашр расид, ки аз он давра имрӯз 19 сол сипарӣ гардид.

Тавре муовини сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» Гулноза Бобомуродова зимни суҳбат ба АМИТ «Ховар» иброз дошт, таъсиси ин маҷалла ба таври бисёр ҷолиб амалӣ гардид.

«Соли 2006 дар арафаи таҷлили Рӯзи Модар, ки бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид, як гурӯҳ фаъолзанони мамлакат аз толор бархоста, аз Роҳбари давлат хоҳиш намуданд, ки барои занон як маҷаллаи сиёсии сатҳи баланд таъсис дода шавад. Дар он вохӯрӣ Президенти Тоҷикистон супориш медиҳанд, ки маҷалла дар арафаи Истиқлолияти давлатӣ бояд нашр карда шуда, ба дасти хонанда расад»,-афзуд Гулноза Бобомуродова.

Баъди чанд муддат ҳамин тавр ҳам шуд ва маҷалла худи ҳамон сол, яъне 6 сентябр- дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бо тарҳи замонавӣ, саҳифаҳои ранга, тарзу услуби нав ва маводи ҷолибу муъҷаз, ки он замон умуман чунин маҷаллаи сатҳи баланд нашр намегардид, рӯйи чоп омад. Аввалин сардабири маҷалла, ки бо фармони Президенти Тоҷикистон таъйин гардид, Ҳуриниссо Ализода буд.

Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, масъулияти корбарӣ ва таъсиси ин гуна маҷалла ба дӯши Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шуд. «Маҷалла 6 сентябр аз чоп баромад ва аз ҷониби хонандагон хеле хуб қабул карда шуд. Шумораи дуюми маҷалла аз моҳи январи соли 2007 то инҷониб мунтазам ҳар моҳ давоми 19 сол нашр мешавад, ки ҳамвора аз ҳаёту фаъолият ва дастовардҳои занону духтарони тоҷик маводи ҷолибу хонданӣ пешниҳод менамояд».

Имрӯз сармуҳаррии маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон»-ро бонуи хушзавқ, рӯзноманигор ва шоир Шоҳонаи Сулаймон бар уҳда дорад. Бояд гуфт, ки маҷаллаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии «Бонувони Тоҷикистон» дар маркази вилоятҳо мухбирони худро дорад. Мақсад аз ташкили «Бонувони Тоҷикистон» инъикоси муваффақият ва бозтобу таҳлили мушкилоти занони Тоҷикистон буда, тибқи вазифаи оинномавӣ дар ҳамин самт фаъолият дорад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шумораи нахустини маҷалла дар сухани табрикотии худ иброз доштаанд, ки «маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» чун ҳар нашрия минбар аст, минбарест, ки бояд садои шумо бо тақозои зиндагӣ гоҳ шоду ношод, гоҳ мутантану гоҳ изтироболуд пайваста бурро садо бидиҳад». Яъне, ба андешаи Президенти Тоҷикистон, дар ин маҷалла бояд, ки зиндагии занон бо тамоми дастовардҳо, пешрафт ва дар баробари ин бо тамоми каму костие, ки дар зиндагии як зан ба вуқуъ меояд, инъикос карда шавад».

Гулноза Бобомуродова изҳор дошт, ки тамоми қаламкашони мамлакат дар солҳои гуногун бо маҷалла ҳамкорӣ кардаанд ва маҷалла барои омодасозии кадрҳои хуби соҳаи матбуот ҳамчун мактаби хуби эҷодӣ хизмат намуда, ин масъулиятро то ҳол бар дӯш дорад.

Теъдоди нашри маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» аз 3-4 ҳазор шуруъ шуда, ҳоло қариб 16 ҳазор нусха нашр мегардад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 6, 2025 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид