ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Тоҷикистон дар бахши ҳавонавардӣ бо 30 давлати ҷаҳон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст

ДУШАНБЕ, 03.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3 сентябр кормандони сохторҳои мақомоти авиатсияи граждании Тоҷикистон иди касбӣ-Рӯзи таъсиси авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. Дар доираи ҳамкории байналмилалӣ дар самти авиатсияи гражданӣ, Тоҷикистон бо 30 кишвари хориҷи дуру наздик созишномаҳо оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расонидааст.
9 созишномаи он бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил- Федератсияи Русия, Беларус, Украина, Озарбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон ва Узбекистон, 8 кишвари Иттиҳоди Аврупо -Фаронса, Британияи Кабир, Люксембург, Олмон, Австрия, Чехия, Латвия ва Туркия ва 13 кишвари Осиё -Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Чин, Покистон, Тайиланд, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Баҳрайн, Қатар, Кувайт, Корея ва Салтанати Уммон мебошад.
Парвози нахустин ҳавопаймо ба Тоҷикистон
Дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода иброз намуд, ки «таҷлили Рӯзи авиатсияи гражданӣ дар мамлакат аз он сарчашма мегирад, ки 3 сентябри соли 1924 аввалин ҳавопаймои олмонии Ю-13 таҳти идораи сарнишинони тоҷикистонӣ Рашидбек Ахриев ва Петр Комаров аз Бухоро ба Душанбе парвоз намуд ва ба фаъолияти ниҳоди авиатсионии Тоҷикистон оғоз гузошт. Инчунин соли 1994 бо Қарори Президиуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 сентябр Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки ҳар сол ҷашн гирифта мешавад».
Таҷлили иди касбӣ бо комёбиҳои арзанда
Имсол кормандони сохторҳои авиатсионии мамлакат иди касбиашонро дар остонаи ҷашни 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо комёбиҳои арзанда таҷлил менамоянд. Ҳабибулло Назарзода афзуд, ки соҳаи авиатсияи гражданӣ, ки яке аз соҳаҳои стратегӣ ва афзалиятноки иқтисоди мамлакат аст, дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо дастгириҳои роҳбарияти Ҳукумати мамлакат, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд намуд.
Таъсиси Агентии авиатсияи гражданӣ
Соҳаи авиатсияи гражданӣ яке аз соҳаҳои стратегӣ ва афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат буда, давоми 34 соли Истиқлолияти давлатӣ бо дастгириҳои роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ, хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила рушд менамояд. Бо назардошти муҳиммияти соҳаи авиатсияи гражданӣ ҳамчун соҳаи калидӣ дар рушди иқтисодиёти миллӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 Агентии авиатсияи гражданӣ ҳамчун сохтори алоҳидаи мутамарказ, ки танзим ва назорати фаъолияти корхонаҳои авиатсиониро ба роҳ мемонад, таъсис дода шуд. Ин ниҳоди давлатӣ фаъолияташро дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Ҳукумати мамлакат, талаботу қоидаҳои Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО), Кодекси фазои ҳавоӣ, қоидаҳои умумии авиатсионии мамлакат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мондааст.
Бунёд ва таҷдиди иншооти муҳими авиатсионӣ
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе /ФБД/ ба фурудгоҳи муосири дорои хати нишасту парвози муҷаҳҳаз, роҳравҳои зимомӣ, таваққуфгоҳҳои замонавӣ, низомҳои назорати парвозу нишаст, толорҳои барҳаво ва дигар инфрасохтори наву замонавӣ табдил гардида, имкони қабули намудҳои гуногуни ҳавопаймоҳои хурду бузургро дорад. Соли 2014 дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе терминали нави муосир барои мусофирон, соли 2018 терминали боркашонӣ ва толори қабули меҳмонони расмии фурудгоҳ мавриди истифода қарор дода шуданд. Ҳамзамон соли 2019 дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Манораи нави назоратӣ – танзимнамоӣ, ки баландиаш 42 метр аст, ба истифода дода шуд. Ин иншооти бузурги аэронавигатсионӣ дар таъмини бехатарии парвозҳо аҳамияти калон дошта, яке аз муҳимтарин иншоот барои идораи парвозу нишасти киштиҳои ҳавоӣ буда, мутобиқ ба меъёру талаботи Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ бо кумаки Фаронса сохта шудааст. Ҳайати назоратчиёну танзимгарони парвозу нишастҳои ҳавопаймову чархболҳо аз муосиртарин технологияи аэронавигатсионӣ истифода менамояд.
Оғози парвозҳои мустақими ҳавоӣ
Дар доираи ҳамкории авиатсионии Тоҷикистон ва Чин 16 сентябр дар масири Сиан-Душанбе-Сиан парвозҳои мустақими ҳавоӣ оғоз мегарданд. Парвозҳои мустақим дар ин масир аз ҷониби ширкати «Zhejiang Loong Airlines»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳафтае ду маротиба анҷом дода мешаванд. Ифтитоҳи парвозҳо дар ин самт барои густариши ҳамкории дуҷониба, рушди сайёҳӣ ва рафту омади бемамониати шаҳрвандони ҳарду давлат заминаи мусоид фароҳам меорад. Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар масири Пекин-Душанбе-Пекин, Қошғар-Хуҷанд-Қошғар, Самарқанд –Душанбе –Самарқанд низ парвозҳои мустақими ҳавоӣ оғоз гардиданд.
«Осмони боз». Сохтмони 10 таваққуфгоҳ ва хати нави зимомӣ
Бояд тазаккур дод, ки бо дастгирии пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи авиатсияи граждании мамлакат рушд меёбад. Дар доираи эълони сиёсати «Осмони боз» аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаи ҳавонавардии мамлакат дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сохтмони 10 таваққуфгоҳи иловагӣ барои ҳавопаймоҳои калонҳаҷм ва хати нави зимомӣ оғоз гардид. Ҳамзамон 250 ҳазор метри мураббаъ хатҳои зимомӣ ва перонии фурудгоҳ пурра таъмир ва мумфарш карда мешаванд. Барои таъмини бехатарии парвозҳо зимни фуруд ва парвоз хати нави зимомӣ бо дарозии 1,5 км ва паҳноии 60 метр сохта мешавад. Корҳои сохтмонӣ давоми қариб 3 моҳ ба анҷом расонида мешаванд. Моҳи июни соли 2025 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати «Осмони боз»-ро амалӣ намуд. Тибқи он, аз ин баъд низоми паритет ё баробарӣ дар парвозҳо, ки қаблан шумораи парвозҳои ширкатҳои хориҷиро бо ширкатҳои дохилӣ баробар ва маҳдуд мекард, бекор карда мешавад.
Директори Агентии авиатсияи граждании мамлакат мегӯяд, ки барои иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кормандони авиатсияи граждании Тоҷикистон ва корхонаҳои авиатсионии мамлакат дар роҳи рушди минбаъдаи соҳа саъю талош менамоянд ва барои васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо, харидан ва ҷалби бештари навъҳои нави ҳавопаймоҳои муосир, ташкили шоистаи парвози ҳавопаймоҳо, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон, ҳифзу сари вақт дастрас намудани борҳои интиқолшаванда, таъмини комили низому амнияти парвозҳо, таҷдиду бунёди терминалу аэровокзалҳои ҳозиразамон, навсозии хатҳои парвозу нишаст, харидани таҷҳизоту механизмҳои навтарин дар фурудгоҳҳо ва масоили дигари соҳа аз ҷониби масъулини соҳа пайваста тадбирҳои таъхирнопазир андешида мешаванд.
Тавсеаи инфрасохтори фурудгоҳии Тоҷикистон
Ҳабибулло Назарзода таъкид намуд, ки давоми беш аз сад сол авиатсияи гражданӣ аз ҳавопаймоҳои хурди якмуҳаррикдор то ба ҳавопаймоҳои калонҳаҷми мусофирбар ва борбар рушд намуд. Инфрасохтори фурудгоҳии мамлакат тавсеа ёфта, воситаҳои алоқа, дастгоҳҳои навигатсионӣ, низомҳои назорати парвозу фуруд ва воситаҳои электронии назорати парвозҳо, таъмини бехатарии парвозҳо ва дигар бахшҳои муҳими авиатсия тақвият ёфтанд. Ҳоло дар Тоҷикистон чор фурудгоҳи байналмилалӣ- «Душанбе», «Хуҷанд», «Кӯлоб» ва «Бохтар», ду ширкати ҳавопаймоӣ –«Тоҷик Эйр», «Сомон Эйр» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» фаъолият доранд.
Таъмини амнияти парвозҳо ва бехатарии авиатсионӣ
«Таъмини амнияти парвозҳо ва бехатарии авиатсионӣ, баланд бардоштани сатҳи сифати хизматрасонӣ, ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ва аз ҷониби ширкатҳо барои хизматрасонии босифат ворид намудани ҳавопаймоҳои миёнаҳаҷми муосир вазифаҳое мебошанд, ки дар меҳвари фаъолияти роҳбарият ва мутахассисони Агентии авиатсияи гражданӣ ва дигар сохторҳои авиатсионии мамлакат қарор доранд», мегӯяд Ҳабибулло Назарзода.
Бо дахли омода намудани мутахассисони соҳаи авиатсияи гражданӣ — танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ, муҳандис-техникҳо, ҳавонавардон, алоқачиён ва дигар мутахассисон Ҳабибулло Назарзода иброз намуд, ки роҳбарияти Агентии авиатсияи граждании мамлакат ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд, зеро рушду пешрафти ҳар соҳа аз мутахассисони касбӣ вобастагӣ дорад. Дар доираи ҳамкорӣ ҳамасола даҳҳо нафар мутахассисон мактабҳои авиатсионии Русия, Қазоқистон, хусусан Донишгоҳи техникии авиатсионии шаҳри Москва, Академияи авиатсияи граждании Қазоқистон, Академияи авиатсияи граждании шаҳри Санкт –Петербурги Русияро хатм менамоянд ва дар пешбурди соҳаи авиатсияи граждании мамлакат саҳми бориз мегузоранд. Дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ҳоло садҳо мутахассисони ҷавони ҷумҳурӣ фаъолият менамоянд. Онҳо бо масъулияти баланди хештаншиносию ватанпарастӣ тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, дар рушди соҳаи авиатсияи миллӣ саҳм мегузоранд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои бо