Интернети хонагӣ бештар дастрас гардид

Сентябрь 18, 2025 10:39

ДУШАНБЕ, 18.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» силсилаи навшудаи тарофаҳои интернети собитро барои сокинони Душанбе амалӣ намуд. Пешниҳодҳои нав барои онҳое, ки суръати баланд, пайвастшавии устувор ва хизматрасониҳои иловагиро барои истифодаи муносиби интернети хонагӣ қадр мекунанд, таҳия шудаанд.

Тарофаи «Старт» – 150 сомонӣ дар як моҳ

Имконияти беҳтарин барои истифодаи асосии интернет мебошад. Барои сайри интернет, муошират дар паёмрасонҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ, инчунин тамошои видео бо сифати хуб муносиб аст.

Он ҳаҷмҳои зеринро дар бар мегирад:

  • суръат то 15 Мбит/с барои манбаъҳои берунӣ;
  • то 30 Мбит/с барои сомонаҳои дохилӣ (минтақаи доменӣ tj);
  • дастрасӣ ба Youtube, TikTok, Instagram, Facebook, WhatsApp, VK бо суръати то 15 Мбит/с.

Тарофаи «Онлайн» – 180 сомонӣ дар як моҳ

Интихоб барои истифодабарандагони фаъол мебошад. Барои омӯзиши онлайнӣ, зангҳои видеоӣ, стриминг ва ҳузури доимӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мувофиқ аст.

Ҳаҷмҳои зеринро дар бар мегирад:

  • суръат то 20 Мбит/с барои манбаъҳои берунӣ;
  • то 50 Мбит/с барои сомонаҳои дохилӣ;
  • дастрасӣ ба Youtube, TikTok, Instagram, Facebook, WhatsApp, VK бо суръати то 20 Мбит/с.

Тарофаи «Комфорт» бо нархи 230 сомонӣ дар як моҳ

Барои оила ва истифодаи фаъолонаи хонагӣ. Баҳри фаъолияти яквақта, дилхушиҳо ва тамошои филмҳо бо сифати баланд муносиб аст.

Ҳаҷмҳои зеринро дар бар мегирад:

  • суръат то 25 Мбит/с барои манбаъҳои берунӣ;
  • то 100 Мбит/с барои сомонаҳои дохилӣ;
  • дастрасӣ ба Youtube, TikTok, Instagram, Facebook, WhatsApp, VK бо суръати то 40 Мбит/с.

Тарофаи «Премиум» – 280 сомонӣ дар як моҳ

Имконияти зиёдтарин барои онҳое, ки роҳати бемаҳдудро меписанданд. Варианти беҳтарин барои бозиҳои онлайн, кор бо файлҳои «калонҳаҷм», стриминг ва пайвасткунии яквақтаи ҳамаи дастгоҳҳо дар хона мебошад.

Ҳаҷмҳои зеринро дар бар мегирад:

  • суръат то 30 Мбит/с барои манбаъҳои берунӣ;
  • то 100 Мбит/с барои сомонаҳои дохилӣ;
  • дастрасӣ ба Youtube, TikTok, Instagram, Facebook, WhatsApp, VK бо суръати то 50 Мбит/с.

Тарофаҳои навро дар идораҳои хизматрасонии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ё тавассути рақами кӯтоҳи 4747 пайваст кардан мумкин аст.

Маълумоти муфассал – дар сомонаи расмии ширкат.

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Сентябрь 18, 2025 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд