Истиқлол мазҳари идеалу ормонҳои таърихии мардуми тоҷик аст
ДУШАНБЕ, 07.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 9 сентябр дар мамлакат чун яке аз муҳимтарину муқаддастарин идҳои миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Аввали моҳи сентябри соли 1991 дар иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эъломияи Истиқлолияти давлатӣ ва Қарор «Дар бораи Эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Ин иқдоме буд, ки Тоҷикистонро чун давлати комилихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекард. Аз он замон то ба имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас ба ҳисоб меравад.
Давоми 34 соли Истиқлоли давлатӣ бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди бисёр мушкилоту монеаҳо таҳкурсии давлати соҳибихтиёр гузошта шуд ва корҳои азими созандагӣ шуруъ гардиданд. Пешвои миллат таъмини истиқлоли энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқавории онро аз самтҳои стратегии сиёсати давлатӣ эълон намуданд. Сокинони мамлакат таҳти сарварии Пешвои миллат барои таҳкими суботи иқтисодиву иҷтимоӣ дар шароити афзалияти муносибатҳои нави иқтисодӣ ислоҳоти амиқро дар амал татбиқ менамоянд.
Истиқлол барои мо рамзи олии ватандӯстӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкори пайгиронаи созандагӣ, азму талоши фидокоронаи расидан ба истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонида, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва дарҳои бахту саодати воқеии миллатро боз намуд.
Бояд гуфт, ки Истиқлоли давлатӣ барои мо нишонаи барҷастаи пойдории давлат, симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Тамоми сокинони мамлакати озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 34 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлоли воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, бо шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардиданд.
Бошад, ки ҷашни истиқлол ба мамлакати мо шукуфоӣ ва пешравии ҳамаҷониба ва ба мардуми шарифи Точикистон саодату пирӯзии комил оварад.
Абубакр МАННОНЗОДА,
сардори Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони
Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»








Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма дар Хатлон бо натиҷаҳои лоиҳаҳои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид шинос гардиданд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Падидаҳои зебои табиат ба таҳкимбахши ҳувияти миллӣ ва пайвандгари наслҳо табдил меёбанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст






