ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ — ВОСИТАИ МУАССИРИ ЭЪТИРОФ. Барои ҳар шахси озодихоҳ неъмате муқаддастар аз он нест

ДУШАНБЕ, 06.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Замоне, ки ҷумҳурии азизамон соҳибистиқлол гардид, 10-сола будам. Дар дабистони деҳа барқосо мужда дар ин бобат паҳн шуд. Тавассути радио эълон гардид, ки «тағйироти инқилобиро дар Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ ба назар гирифта, кӯшиши ҷумҳуриҳои соҳибихтиёри ба он дохилшавандаро оид ба аз нав барқарор намудани муносибатҳои байниҳамдигарӣ эҳтиром намуда, мувофиқи Эъломия дар бораи Истиқлолияти Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки 24 августи соли 1990 қабул шуда буд, Шурои Олӣ истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон мекунад».
Эътироф бояд намуд, ки он замон назарҳо дар бораи моҳияти истиқлоли давлатӣ яксон набуданд.
– Бе Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ наметавон давлатдорӣ кард, мушкилиҳо зиёд мешаванду ҳоламон бениҳоят бад,- гуфтанд иддае.
— Соҳибистиқлолӣ муваққатӣ буда, дубора муттаҳид шудани давлатҳои Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ заруру ногузир аст,-хулоса бароварданд қисми дигар.
— Шукр, ки баъд аз ҳазор сол соҳибдавлат гардидем, акнун тақдирамонро ба дасти худ хоҳем навишт, — муътақид буданд қисмати дигар.
Хулоса, бинобар зидду нақиз будани назар мо, наврасон дар дарки ин рӯйдод то андозае оҷизу комилан дудила мондем. Шоми ҳамон рӯз падарам сари дастархони идона моҳияти соҳибистиқлолиро ба мо хеле сода ва муфассал шарҳ доданд. Аз ҷумла гуфтанд, ки бе истиқлоли давлатӣ ягон миллат наметавонад молики ҳаққи худ бошад. Истиқлоли давлатӣ ҳамчун нишонаи асосии давлат ифодаи соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти он дар муайян намудани сиёсати дохилӣ ва хориҷии худ мебошад. Маҳз соҳиб будан ба истиқлоли сиёсӣ имкон медиҳад, ки давлат ҳамчун ташкилоти сиёсӣ муаррифӣ гардида, онро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои сиёсӣ эътироф намоянд. Падарам бо таассуф ёдовар шуданд: «Марҳилаи якуми ташаккули соҳибистиқлолӣ аз давраи ташаккули давлати Сомониён оғоз ёфта, бо заволи он анҷом ёфта буд. Ба ибораи дигар, баъд аз шикасти давлати Сомониён соҳибихтиёрии миллӣ ва истиқлоли давлатии миллати тоҷик аз байн рафт».
Таъкид намуданд, ки ин арзиши қиёснопазир дар баробари он ки ба имкони таърихии ҳар халқу миллат иртибот дорад, инчунин аз ҳар фарди миллат эҳсоси гарми ватандӯстӣ, фаъолияти содиқона ва саъю кӯшиши доимӣ талаб мекунад. Бинобар ин, мо, ки баъд аз ҳазор соли бедавлатӣ соҳибистиқлол гардидем, бояд бо назардошти анъанаву суннати таърихӣ ва бо истинод ба таҷрибаи давлатҳои мутамаддину пешрафта пайи бунёди давлат камари ҳиммат бандем.
Маҳз бо шарофати шарҳу тавзеҳи падарам мутмаин гардидам, ки назарҳои пессимистонаи баъзеҳо оид ба ин масъала ботиланд. Дар маҷмуъ, огоҳии падарам аз моҳияти ин арзиши олӣ ва муносибати дуюмдараҷа надоштанашон ба он маро ошиқи истиқлол намуд. Ишқе, ки оғоз дораду анҷом не.
Роҳбарият ва масъулони давлат дар даврони эълони соҳибистиқлолӣ имкони мавҷударо аз даст дода, вазифа ва мундариҷаи фаъолияти давлатро дар ин марҳилаи сарнавиштсоз дуруст муайян карда натавонистанд. Ин ҳама боиси буҳрони ҳокимият ва муносибатҳои мавҷудаи иҷтимоӣ гардида, дар мамлакат ҷанги шаҳрвандӣ шуруъ шуд. Чуноне ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд: «Давлату давлатдорӣ мафҳуми назариявӣ набуда, он маҳз бо мавҷудияти рукнҳои амалии давлат маъно пайдо мекунад. Шоҳидон дар ёд доранд, ки дар он рӯзҳои вазнину мудҳиш тамоми ниҳодҳои марказӣ ва маҳаллии давлатдории мо пурра фалаҷ гашта, низоми идоракунии давлатӣ барҳам хӯрда буд».
Ҳамасола дар арафаи Рӯзи Истиқлоли давлатӣ дар ин бобат зиёд мегӯянду менависанд. Бо назардошти мазмуну моҳияти таълифоту гузоришҳои ба ин масъала рабтдошта метавон гуфт, ки аксарият ба ин неъмати бебаҳо назари маҷмуӣ доранд. Дар ҳоле ки имкон аст бо бардошту хулосаҳои инфиродӣ моҳияти ин санаро ба таври шоистатар бозгӯӣ намуд. Ҳолати онвақтаро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар мақолаашон– «Маҷлиси миллӣ зодаи даврони истиқлолият аст» хеле возеҳ бозгӯӣ намудаанд: «Иҷлосияи дуюми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) 24 августи соли 1990 Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул кард. Бо вуҷуди он ки ҳанӯз ин эъломия бо назардошти баъзе маҳдудият қабул гардида, соҳибистиқлолии Тоҷикистонро дар доираи салоҳияти Иттиҳоди Шуравӣ муайян мекард, нахустин санаде буд, ки аз наздик шудани мамлакат ба истиқлолияти комил дарак медод. Мутаассифона, дере нагузашта муборизаҳои шадиду оштинопазири дохилӣ бо пуштибонии доираҳои берунии манфиатдор баҳри ғасби қудрати сиёсӣ оғоз гардид, ки ин барои ба воқеият пайвастани орзуи деринтизори истиқлолиятёбии комили ҷумҳурӣ монеа шуд. Ҳизбҳои сиёсӣ ва ҷунбишу ҳаракатҳое ба саҳнаи муборизаҳои сиёсӣ баромаданд, ки бо ташвиқу ҳидояти онҳо ошӯбу эътироз ва майдоннишиниҳо дар пойтахт ҳамчун падидаи нави сиёсӣ дар таърихи ҷумҳурӣ ба вуқӯъ пайвастанд. Гурӯҳҳои сиёсӣ бо барномаҳои гуногун ба майдон омаданд, ки бештарашон хориҷ аз ҷумҳурӣ тарҳрезӣ гардида буданд. Арзишҳои динӣ, мазҳабӣ, псевдодемократияи таҳмилшуда бо шиорҳои «озодӣ», «ошкорбаёнӣ» мағзи мардумро таҳрик медод. Вале ҳама як ҳадаф доштанд: «ба даст гирифтани лаҷоми қудрат».
Дар натиҷа, Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба соли 1991 60 фоиз коҳиш ёфта, касри тавозуни пардохт то 30 фоиз аз Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, таваррум дараҷаи аз ҳама баланд — гиперинфлятсия (2100 фоиз) ва сатҳи камбизоатӣ ба зиёда аз 80 фоиз расид. Моҳи майи соли 1992 бо талаби неруҳои мухолифин Ҳукумати муросои миллӣ ба фаъолият оғоз намуд, вале ба иллати дохил гардидани шахсони тасодуфӣ ва ғайриҳирфаӣ ба ҳайати он ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мураккаб ва вазъият боз ҳам ноором гардид. Маҳз дар ин давра намояндагони солимфикри ҷомеаи шаҳрвандӣ ба вакилони Шурои Олӣ муроҷиат намуданд, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ дар мамлакат хотима гузоранд.
ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ ВА РУҲИЯИ МИЛЛӢ
Истиқлолияти давлатӣ 9 сентябри соли 1991 расман эълон шуда бошад ҳам, амалӣ гардидани он аз иҷлосияи тақдирсози миллат — Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъ мегирад. Он моро аз ҳолати беҳокимиятӣ, номуайянӣ ва муҳимтар аз ҳама, аз вартаи фано раҳо намуд. Дар он замони пурҳаводис ва бениҳоят ҳассос дарёфти роҳи ҳалли мушкилоти ҷумҳурӣ, ба ҳам овардани миллат дар доираи ақли одамӣ намеғунҷид. Халқ ин рӯзи саидро орзу мекард. Дар қатори дигар сокинони мамлакат мо низ дар кӯҳистони дурдаст бо як ҷаҳон умед қарорҳои қабулнамудаи иҷлосияро, ки аз ягона сарчашмаи зуҳури ақлу хиради сиёсӣ ва ба ҳам овардани мардуми парешонгаштаву дилшикаста ба шумор мерафтанд, аз радиову телевизион бесаброна интизор мешудем. Кулли сокинони ҷумҳурӣ танҳо як чиз- ба мувофиқа расиданро интизор буданд.
Шояд ҳоло барои баъзе нафарони аз ҳама кас ва ҳама чиз норозӣ боварнокарданист, вале дар он замон шахсе пайдо нашуд, ки зимоми идораи давлатро ба дӯш гирифта, истиқлолияти аздастрафтаистодаро ҳифз намояд. Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти давлатсозӣ ва давлатдориро ба дӯши Роҳбари ҷавон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошт.
Мардуми ҷумҳурӣ бояд ифтихорманд бошанд, ки дар замони худ маҳз намояндагонашон – вакилоне, ки онҳо интихоб карда буданд дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум сарвареро интихоб намуданд, ки бо шарофати он кас дар ҳама самтҳо комёбему ҷумҳурии азизамон дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати бениҳоят баланд дорад.
Минбаъд бо ташаббуси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи эҷоди барномаҳои миллӣ қудрат ва нуфузи давлати мо ба маъраз гузошта шуд, ки ин тамоюл дар таҳкими истиқлоли давлатӣ саҳми бориз дорад. Бо дарки масъулият метавон гуфт, ки маҳз бо ибтикори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи тадбирандешиҳо барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва тақвияти ҳувияти миллӣ руҳияи миллӣ ба вуҷуд омад. Муҳим он аст, ки Пешвои миллат идеяҳои беназир ва пурмоҳиятро амалӣ намуда, шаҳрвандонро дар атрофашон муттаҳидтар намуданд. Сохтмони иншооти бузурги аср, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии «Роғун» шаҳодати ин гуфта аст. Ҳар тасмиме, ки ин Абармард барои пешрафти давлату миллат гирифтаанд, амалест, ки ба идеяи миллӣ омезиш ёфта, истиқлолияти давлатиро таҳким бахшида, дурнамои неки давлатсозиву давлатдориро таъмин намуд.
ЧИСТ ИСТИҚЛОЛ?
Ба ин савол дар ашъори шоирон посух меёбем, ки «иззат доштан, бар диёри худ муҳаббат доштан, дар замири шуҳрати озодагон донаи меҳру садоқат коштан» аз ҳамон ҷумла аст. Вале дар умури давлатдорӣ маънои сиёсӣ ва ҳуқуқии ин вожа афзалияти бештар дорад. Бори нахуст мафҳуми соҳибистиқлолиро Ж. Боден пешниҳод карда, онро бартарии сиёсии ҳокимияти давлатӣ дар қаламрави мамлакат муайян кардааст, ки «ба ғайр аз қонунҳои фитрӣ ва динӣ дигар чизе онро маҳдуд намекунад». Агар аз лиҳози ҳуқуқӣ ба таври мухтасар бозгӯӣ намоем, бояд донист, ки натиҷаи соҳибихтиёрии миллӣ таъсиси давлати миллист. Дар навбати худ, соҳибихтиёрии миллӣ- ин ҳуқуқи миллат ба худмуайянкунии миллист. Соҳибихтиёрии давлатӣ, ки ба истиқлолияти давлатӣ анҷом мепазирад, зинаи охирини соҳибихтиёрист, ки мустақилиятро дар дохил ва хориҷ муаррифӣ менамояд. Илова бар ин, соҳибихтиёрӣ ҳамчун падидаи ҳуқуқи конститутсионӣ, ки бо ҳастиву вуҷуди миллат, халқ ва давлат пайваст буда, аз тариқи мазмун ва таъйиноти вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд инъикос меёбад. Ба ғайр аз ин, соҳибихтиёрии давлат шакли асосии зуҳуроти соҳибихтиёрии миллат ва халқ аст. Тавсифи гуфташуда хусусияти ҳуқуқии истиқлолиятро ошкор намуда, ваколатҳои давлатро барои муайян намудани сиёсати дохилӣ ва хориҷии онро муайян кардааст. Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун хусусияти табиии давлат якчанд принсип дорад, ки афзалияти соҳибихтиёрии давлатиро шарҳ медиҳанд ва бо Конститутсия ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ҳифз шудаанд. Аз ҷиҳати ҳуқуқӣ баробар будани давлатҳои соҳибихтиёр, истифода аз ҳуқуқи хоси соҳибихтиёрӣ, эҳтироми дигар давлатҳо ҳамчун субъектҳои ҳуқуқӣ, тамомияти арзӣ ва истиқлолияти сиёсӣ аз ҳамон ҷумлаанд.
Муҳиму муфид аст, агар ҳамватанонамон донанд, ки истиқлолият мустақилияти сиёсӣ ва соҳибихтиёрии давлатӣ дар фаъолияти сиёсати дохилӣ ва берунӣ мебошад, ки ба дахолат намудани давлатҳои дигар қатъиян роҳ намедиҳад. Истиқлолияти сиёсӣ ин озодии иродаи миллӣ, шаъну шараф, қудратмандӣ ва яке аз рукнҳои асосии ҳастии ҳар давлати мустақил ба шумор меравад. Чунин маънидодкунии истиқлоли давлатӣ хосияти бисёрҷанба дошта, паҳлуҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ ва маънавии онро дар бар мегирад. Дар маҷмуъ, соҳибистиқлолӣ ҳамчун зуҳуроти сиёсию иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ ифодаи мустақилияти давлат дар муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ маҳсуб мешавад.
ДАРКУ АРҶГУЗОРИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ — МАСЪУЛИЯТУ РИСОЛАТ
Масъалаҳои марбут ба назария ва амалияи истиқлоли давлатӣ дар асарҳо, паёмҳо ва суханрониҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳваранд, ки онҳо хосияти консептуалӣ доранд. Муболиға нахоҳад буд агар гӯем, ки маҳз суханони пурмоҳияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи олии шарҳу тавзеҳи моҳияти Истиқлоли давлатӣ маҳсуб мешаванд.
«Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату давлатдории тоҷикон дар асри бистум аст, ки нахуст дар давраи давлатдории Иттиҳоди Шуравӣ арзи ҳастӣ намуда, бо вуҷуди баъзе беадолатиҳои марзию ҷуғрофӣ ҳамчун шакли давлатдории мутамаддину пешрафта ташаккул ёфт, сабзид ва ба камол расид», — иброз намудаанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон бахшида ба 10-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 сентябри соли 2001. Ба ақидаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «ҳар миллату ҳар давлат барои он мубориза мебарад, зеро истиқлолият ифтихор, осоишу оромӣ, ормонҳои накукорию сари баланди ҳар шаҳрванд мебошад».
17 июли соли равон дар маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла гуфтанд, ки барои мо ду иди муқаддас – Истиқлоли давлатӣ ва Наврӯз вуҷуд дорад. Ҳамзамон дастур доданд ин идҳо ба ғайр аз сатҳи давлативу маҳал дар ҳар хонавода бо шукуҳу шаҳомат таҷлил карда шаванд. Ин омил бори дигар манзалати бениҳоят баланди Истиқлоли давлатиро ба маъраз гузошт.
Дарку арҷгузории истиқлоли давлатӣ масъулияту рисолат маҳсуб шуда, дар ин раванд истинод ба усулҳои илмҳои сиёсӣ, махсусан таҳлилӣ, таърихӣ, тарҳрезии сиёсӣ, муқоисавӣ, коммуникатсионӣ ва ояндабинӣ бениҳоят муҳим аст. Тавассути истифодаи методи таҳлилӣ аз раванди ташаккул ва таҳкими истиқлоли давлатӣ огоҳ хоҳем шуд. Методи таърихӣ имкон медиҳад, то масири соҳиб шудан ба соҳибистиқлолӣ ҳаматарафа мавриди омӯзиш қарор гирад. Тарҳрезии сиёсӣ имкон медиҳад, ки хусусияти равандҳои сиёсӣ дар замони соҳибистиқлолӣ ва нақши онҳо дар шаклгирии муносибатҳои ҷамъиятӣ муайян карда шавад. Методи муқоисавӣ шароит фароҳам меорад, ки заминаҳои таърихию сиёсии ташаккули ин раванд асоснок карда шуда, таҷрибаи мавҷудаи байналмилалӣ дар ин самт мавриди омӯзиш ва истифода қарор гирад. Усули ояндабинӣ ба муайян намудани дурнамои таҳкими истиқлоли давлатию ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар шароити нави ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад намуд.
Агар ба тадбирандешиҳо барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ мутаваҷҷеҳ гардем, пас аз ду усули маъмулу эътирофшуда — ҳарбӣ ва маънавӣ огоҳ мегардем. Усули ҳарбии ҳифзу таҳкими истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташкили қӯшун, мақомоти амниятӣ, ҳифзи ҳуқуқ, дигар аркони давлатдорӣ ва муттасил ташаккул додани фаъолияти онҳо рабт дорад. Дар робита ба усули ҳарбии таҳкими истиқлолияти давлатӣ месазад аз Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ки зодаи даврони истиқлолият ва яке аз дастовардҳои муҳимтарин мебошанд, ёдовар шавем.
Усули дуюми таҳкими истиқлолияти давлатӣ — маънавӣ, ки дар давлатсозиву давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мадди назар аст, аз бедор намудани эҳсоси ватандӯстӣ дар вуҷуди ҳар тоҷику тоҷикистонӣ маншаъ мегирад. Ҷавҳари ин иқдомро беш аз пеш шиносо намудани мардум бо фарҳанг, таърих, забон, дин ва мазҳаб ва анъанаи миллӣ ташкил медиҳад.
Минбаъд Роҳбари мамлакат бо назардошти махсусияту мушкилоти ҷомеа чор ҳадафи дигари стратегӣ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакатро муайян намуданд. Муҳим он аст, ки ин ҳадафҳо бо ҳамдигар пайвасти ногусастанӣ дошта, моҳиятан ва мантиқан силсила мебошанд.
Омили мазкур исботи он аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста кӯшиш менамоянд, ки зимни тасмимгирӣ вобаста ба дилхоҳ масъала тавозуни манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ риоя гардида, ҷанбаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ осебнопазир бошанд.
Табиист, ки дар як мақола бозгӯӣ намудани моҳияти истиқлоли давлатӣ ғайриимкон аст. Хулосаи ниҳоӣ он аст, ки истиқлоли давлатӣ воситаи муҳим ва муассири эътироф ва эҳтироми миллатҳо буда, барои ҳар шахси озодихоҳ, худшинос, комилҳуқуқ, ки қудрати дарки неку бадро доро аст, неъмате муқаддастар аз он буда наметавонад.
Далер АБДУЛЛО,
муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум»,
номзади илмҳои сиёсӣ
АКС: АМИТ «Ховар»